ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶУСТУҶӮИ 5 НАФАР ДАР ПАЙИ ЯК САДАМА ДАР НОҲИЯИ РӮШОНИ БАДАХШОН

Рӯзи 1 ноябри соли 2021 дар километри 474-уми шоҳроҳи Душанбе-Рӯшон-Хоруғ дар мавзеъи деҳаи Штапи ҷамоати деҳоти Мӯъминшоҳ Абдулвосиев (собиқ Шидз) -и ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як мошини тамғаи “Тойота”, ки мутааллиқ ба нерӯгоҳи Роғун  будааст, бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ сарозер гардидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ин садама ронанда бо 3 мусофираш ба ҳалокат расиданд. Ду нафар аз онҳо сокинони ноҳияи Роштқалъа ва як нафари дигар аз ноҳияи Ёвон будаанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз наздикони афроди ба садама дучоршуда ба  пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ки дар мошин на 4, балки 5 нафар будаанд ва то ҳол ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. Ӯ гуфт, онҳо умедворанд, ки ин 5 нафарро зинда пайдо мекунанд.

Роҳҳои Бадахшон ба далели релефи мураккаби кӯҳистони ин минтақа аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Ҳар сол дар Бадахшон даҳҳо садамаҳои марговар рӯй медиҳанд.

 Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button