ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ МОШИНИ СОКИНОНИ РӮДАКИРО ФИРЕБ ДОДА ГИРИФТААНД

Як сокини Ҳамадонӣ ва як сокини Симиганҷ ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 19 июн ҳуҷҷатҳои чанд хона дар ноҳияи Рӯдакиро ба гарав монда, аз як сокини ин ноҳия мошини тамғаи «Ландкрузер-Прадо» (нархаш 21 ҳазор доллар) ва аз якеи дигар 2 мошини тамғаҳои «Лексус РХ-400» ва «Мерседес-Бенс» (арзишашон 320 ҳазор доллар)ро гирифта, ваъда додаанд, ки пулашонро баъди 2 ва 3 моҳ медиҳанд, вале то ҳол надодаанд.

ххххххххххххх

Сокини 26-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки 24 июл дар назди кинотеатри “Ватан” аз як ҷавони 21-сола бо ваъдаи овардани мошини “Мерседес ҶЛ” 15 ҳазор доллар гирифтааст, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

хххххххххххх

Ду марди 30 ва 31-сола ба он гумонбар мешаванд, ки моҳи март аз як иншооти чорводорӣ ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ 30 плитаи бетонии шашметраро дуздида, ба соҳибаш 30 ҳазор сомонӣ  зарар расондаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 ноябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми июли соли 2021, дар кӯчаи Рӯдакӣ, назди кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе, марди 26-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки барояш 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес ҶЛ», оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 19-уми июни соли 2021, дар назди «Автовокзал»-и шаҳри Душанбе, марди 45-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бо ҳамроҳии пешдастгиршуда, марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Ландкрузер-Прадо», ки арзишаш 21 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба гарав монда, ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 2-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамин тариқ, онҳо бо ҳамин роҳ 19-уми июни соли 2021, дар назди «Автовокзал»-и шаҳри Душанбе, ба боварии ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-400» ва «Мерседес-Бенс», гирифта ҳуҷҷатҳои 3-хонаи истиқоматии 2-ҳуҷрагӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба гарав монда, ваъда додаанд, ки маблағашро баъд аз 3-моҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Боздошт гардидани 2 нафар бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷойи молнигоҳдориаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ҳамин ноҳия 30-адад плитаҳои бетонии 6-метраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 30 ва 31-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button