ТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ҚИССАИ АЗ ДАШТИҶУМ БА ҚАЗОҚИСТОН БАДАРҒА КАРДАНИ АБДУЛЛОҲ ҲАБИБОВ ВА МОДАРАШ

…Он замон Абдулло 7 сола буд, хоҳараш – дусола, хоҳари дигараш – 4 сола ва акааш Маҳмадулло – 8 сола. Онҳоро дар Кӯлоб ду – се рӯз нигоҳ дошта, баъд ба Душанбе мебаранд. Мегӯянд маълум шуд, ки шавҳаратро дар Душанбе вазифа додаанд. Ба пойтахт меоранд. Дар хонаи кадом низомие ҷо мекунанд. Чанд рӯз пас бошад, Давлатбегиму кӯдакони хурдсолашро дар поезди боркашонӣ бор карда, ба Қазоқистон бурданд. Маҳз дар ҳамин поезд аз ҳамсафарон мефаҳмад, ки ҳадафи ин сафари дурудароз чист: онҳоро бадарға намудаанд! Дар Қазоқистон оилаи онҳоро мисли дигар бадарғашудагон аз тамоми СССР дар лагери махсус ҷо мекунанд...

Пас аз фавти Сталин маъракаи озодкунии қурбониёни сиёсӣ оғоз шуд. Бо вуҷуд, оилаи муаллими Ҳабибулло чанд соли дигар дар Қазоқистон боқӣ мемонанд. Баъд, бо он шарт, ки бояд ду соли дигар дар Сирдарёи Ӯзбекистон зиндагӣ кунанд, ҷавобашон медиҳанд.

Раҷаб Мирзо 

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

ҚУРБОНИЕ, КИ ДАР ОХИР ГЕНЕРАЛ ШУД

**30 октябр – Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиботи сиёсӣ **

Дар бораи хеле аз шахсиятҳоямон мо тақрибан чизе намедонем. Аз ҳамин ҷост, ки фикр мекунем онҳо ҳамеша зиндагии орому осуда ва хушбахтона доштаанд. Ҳол он ки аксари онҳо душвориҳои зиёдеро пушти сар кардаву маҳз вуҷуди ин мушкилот онҳоро қавитар намудааст.Генерал Абдулло Ҳабибов, ки апрели соли гузашта ҷон ба Ҳақ таслим намуд, аз ҳамин қабил одамон буд.

Борҳо дар сӯҳбатҳо бо инҷониб ва фарзандони худ зиндагии замони кӯдакии худро бо душворӣ ба хотир меовард. Барои ин асос ҳам дошт. Аз нақлҳояш маълум мешуд, ки оилаи онҳо чӣ гуна пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар заминаи қасос қурбонии бозии сиёсатҳои замон гардид.

Падари Абдуллои хурдакак иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будаву пас аз ҷанг ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ дар деҳаи Лангари Мӯминобод кор мекардааст. Чун хонаашон аз ин ноҳия дур буда, барояш як асп медиҳанд, то ҳафтае як бор ба Даштиҷум ба хабаргирии хешу табор ва фарзандон рафта тавонад. Он замон асп нақлиёти асосӣ ба ҳисоб мерафту на ҳар кас онро дошт. Муаллими Ҳабибулло ҳар дафъа баробари ба Даштиҷум расидан, аз бозори ноҳия барои фарзандон тӯҳфа ва дигар молҳои ниёзи хонаро харид мекарду ба хона мерафт. Бори ахир, вақте дар бозор харид дошт, масъули НКВД –и ноҳияи Даштиҷум, ки ӯро нав таъин карда буданду кадом як марди рус буд, ба Ҳабибулло таваҷҷӯҳи хос мекунад. Хоса ба аспаш. Баъд ӯро даъват кардаву супориш медиҳад, ки аспро ба ситод супорад, зеро онҳо ба он зарурат доранд. Муаллими Ҳабибулло посух медиҳад, ки ӯ ба ин супориш мухолифате надорад, фақат ин корро ба он хотир карда наметавонад, ки он моликияти давлатист ва ӯ наметавонад ба моликияти давлат хиёнат намояд. Ин “гапгардонии як тоҷик” ба масъули рус сахт мерасад. Дар паи қасос мешавад.

Муаллими Ҳабибулло пас аз истироҳат боз ба ҷои кораш ба Мӯминобод бармегардад. Чанд рӯз пас кормандони НКВД ба хонаи ӯ омада, ба ҳамсараш Давлатбегим бо фиреб мегӯянд, ки чизҳои аввалияи худро гирифта, ҳамроҳи онҳо ба Кӯлоб равад, зеро шавҳараш гӯё вазифаи нав гирифтааст. Занаки соддаи кӯҳистонӣ ба ин суханони як масъул бовар карда (аслан бовар накарда ҳам наметавонист, чун ҳарфи ахирро он вақт НКВД мегуфт), чизҳои аввалияро гирифта, ҳамроҳашон мераванд. Он замон Абдулло 7 сола буд, хоҳараш – дусола, хоҳари дигараш – 4 сола ва акааш Маҳмадулло – 8 сола.

Онҳоро дар Кӯлоб ду – се рӯз нигоҳ дошта, баъд ба Душанбе мебаранд. Мегӯянд маълум шуд, ки шавҳаратро дар Душанбе вазифа додаанд. Ба пойтахт меоранд. Дар хонаи кадом низомие ҷо мекунанд. Чанд рӯз пас бошад, Давлатбегиму кӯдакони хурдсолашро дар поезди боркашонӣ бор карда, ба Қазоқистон бурданд. Маҳз дар ҳамин поезд аз ҳамсафарон мефаҳмад, ки ҳадафи ин сафари дурудароз чист: онҳоро бадарға намудаанд! Дар Қазоқистон оилаи онҳоро мисли дигар бадарғашудагон аз тамоми СССР дар лагери махсус ҷо мекунанд.

Тақрибан як километр дуртар аз хонаи бадарғаашон як оилаи русзабон зиндагӣ мекард, ки марди хона яҳудитабори нависанда будаву занаш пеш аз бадарға муаллима будааст. Онҳо тасодуфан Абдуллоро мебинанд, ки чашмони кабуд ва мӯи зардина дошту ба тифли рус монандӣ мекард. Чун бачаи чаққону дидадаро буд, ин оила аз модари Абдулло хоҳиш мекунад, ки ӯро ба онҳо диҳанд, то ба корҳои хона ёрӣ расонад. Дар иваз ба Абдулло хондану навиштанро ёд медиҳанд. Дар ҳақиқат дар муддати кӯтоҳ хондану навиштанро меомӯзонанд.

Дертар дар ин деҳа интернат мекушоянд ва бо кӯмаки ин оила Абдуллоро ба таҳсил мегиранд…

Муаллими Ҳабибулло ҳафтаи дигари бурдани ҳамсар ва фарзандонаш ба Даштиҷум меояд ва онҳоро пайдо намекунад. Ҳамсояҳои ҳайрон мегӯянд: омада гуфтанд, ки муаллимро дар Кӯлоб вазифа додаанду зану кӯдаконашро бурданд.

Ба Кӯлоб меравад. Маълумоте пайдо намекунад. Ба пойтахт меояд. Кадом ҳамхизмати замони ҷангиаш масъули баланди низомӣ будааст ва ба воситаи ӯ дар бораи қисмати зану фарзандон маълумот ва суроғаи онҳоро пайдо мекунад. Маълум мешавад, ки “душмани халқ” на муаллимро, ки дар хизмати ҳизб буд ва ҳам иштирокчии ҶБВ, эълон кардаанд. Балки маҳз ҳамсарашро. ки хешу табораш дар Афғонистон буданд, “асос” ёфтаанд. Муаллими Ҳабибулло ба воситаи ҳамхизматаш барои дидорбинӣ бо аҳли оила иҷозат мегирад. Ба Қазоқистон меравад. Ҳамсару фарзандонро пайдо мекунад. Ғайр аз Абдулло, ки аллакай дар интернати мехонд, дигар ҳама дар хонаи бадарға буданд. Абдуллоро дар байни ҳамсинфон “Алексей” ном мебурдаанд. Падар вақте ба интернат меояд, роҳбари мактаб мегӯяд, ки “Алексей” хоб аст. Дар асл ӯ сахт бемор буд. Зеро интернат ҳоли зоре дошт. Тирезаҳо шикаста, шамоли хунуки даштҳои қазоқӣ дар синфхонаву ҷои хобашон “сайругашт” дошт. Абдулло, ки солҳо боз падарашро надида буд, аввал ӯро намешиносад. Шояд таъсири таби баланд ҳам буд. Падар муваффақ мешавад, ки барои якчанд рӯз писарашро ба хона барад. . Аммо баъди ба худ омадану табобат гирифтан, Абдулло қатъӣ мегӯяд, ки таҳсилашро дар интернат давом хоҳад дод. Зеро ӯ бояд хонад ва ҷои худро дар ҷомеа пайдо намояд.

Интернат дар ҳақиқат барои ӯ мактаби хуби омӯзиш шуд. Забони хуби русии Абдулло Ҳабибов аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ӯ ҳамчунин ҳамроҳи чеченҳо ба бокс машғул шуда, дар мусобиқаҳо ғолиб меояд ва намунае дар байни хонандаҳои интернат мегардад…

Пас аз фавти Сталин маъракаи озодкунии қурбониёни сиёсӣ оғоз шуд. Бо вуҷуд, оилаи муаллими Ҳабибулло чанд соли дигар дар Қазоқистон боқӣ мемонанд. Баъд, бо он шарт, ки бояд ду соли дигар дар Сирдарёи Ӯзбекистон зиндагӣ кунанд, ҷавобашон медиҳанд.

Пас аз ин ба Душанбе омаданду як муддат ин ҷо зиндагӣ карданд ва дертар ба ноҳияи Ҳамадонии имрӯза рафтанд. Абдулло Ҳабибович мактаби миёнаро бомуваффақият хатм кард, ба факултаи забон ва адабиёти руси ДМТ дохил шуд. Номзади илм гардид. Корманди комсомол ва баъд Кумитаи марказии Ҳизби коммунист буд. Дертар ба кори низомӣ гузашт. Депутати Шӯрои олӣ буд. Ба сифати муовини вазири мудофиа, муовини раиси Кумитаи гумрук дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифои вазифа дошт. Рутбаи генералӣ гирифт. Ба халқу Ватан хидмати сазовор намуд. Аммо ҳич гоҳ аз роҳи ҳақиқату адолат берун нашуд. Зеро ҳанӯз дар кӯдакиаш ноадолатиро дида буду баъдан дар ҷавониву ҳатто пиронсолиаш ҳам борҳо ӯро пешпо доданӣ шуданд. Вале чун дар роҳи рост буд, тири душманону нотавонбинҳо ҳамеша хок хӯрд. Ва Ӯ сарбаландона ин дунёро тарк гуфту росткориву адолатпарвариро ба шогирдони бешумору фарзандон мерос монд…

Ҷояшон Биҳишт бод, омин!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button