ВидеоИқтисодҶомеа

РАИСИ ИДОРАИ ФУРӮШИ БАРҚИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲРО КОРД ЗАДААНД

Ҳафтаи гузашта як корманди собиқаш раиси идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ Рустам Тӯйчиевро бо корд захмӣ кардааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манбааш хабар дод, ки Тӯйчиев бар асоси шикояти сокинон як нозири барқро аз кор барканор кардааст, вале ин нозири барқ баъди аз кор ронда шуданаш “ба ҳуҷраи кории Рустам Тӯйчиев омада, бо ӯ баҳс мекунад ва бо корд як маротиба ба қафаси синааш мезанад.”

Масъулини Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 27 октябр ба радиои Озодӣ гуфтанд, аҳволи раиси идораи фурӯши барқ хуб аст ва рӯзҳои наздик ӯро аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Пизишкон гуфтанд, корд ба қабурғаи Рустам Тӯйчиев расидааст.

Рустам Тӯйчиев  аз мутахассисони собиқадори соҳаи нирӯи барқи Мастчоҳ ба шумор рафта, дар пайи ба 3 ширкат тақсим шудани “Барқи тоҷик”, раиси идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд.

Ҳамла ба раиси идораи фурӯши барқи Мастчоҳ дар ҳолест, ки чанд ҳафтаи охир нирӯи барқ ба аҳолӣ дар аксари манотиқи Тоҷикистон бо лимити шади: ҳамагӣ то 3 соат дар бомдод ва то 5 соат дар бегоҳ дода мешавад ва ин боиси мавҷи шикоятҳову интиқодҳои мардум аз ширкати “Барқи Тоҷик” ва кормандонаш шудааст.

Вале масъулони “Барқи Тоҷик” баҳона пеш меоранд, ки ин дар асл лимит нест, балки кормандони соҳа дар чорчӯби тайёрӣ ба фасли зимистон барои анҷоми корҳои профилактикӣ ва буридани шохаҳои дарахтоне, ки ба хатҳои интиқоли барқ мерасанд, нирӯи барқро қатъ мекунанд.

Сокинон тавҷеҳҳои “Барқи Тоҷик”, ба хусус бино бар зарурати буридани шохаҳои дарахтон қатъ кардани интиқоли барқро ба масхара кашида, мегӯянд, магар ин ширкат дар дили шаб шохабурӣ мекунад, ки аз шаб то саҳар ба мардум барқ намедиҳад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button