ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ БОЗ 4 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ПОЛША

Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон) рӯзи 26 октябр хабар дод, ки танҳо дар давоми рӯзи 25 октябр дар марзи ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо бо Беларус аз 582 кӯшиши убури ғайриқонунии марз пешгирӣ кардаанд.

Хадамоти марзбонии Полша дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки  “9 муҳоҷири ғайриқонунӣ, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон, 4 шаҳрванди Сомали ва 1 шаҳрванди Ироқ дастгир карда шуданд.”

Аз аввали моҳи сентябр марзбонони Полша аз 14 ҳазор кӯшиши убури марзи ин кишвар аз тарафи Беларус ҷилавгирӣ кардаанд.

Полша яке аз масирҳои асосиест, ки паноҳҷӯёни тоҷик тавассути он вориди қаламрави Иттиҳоди Аврупо мешаванд. Моҳи сентябр дар бораи боздошти дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Полша бо Беларус бо иттиҳоми кумак ба интиқоли паноҳҷӯён хабар дода буданд. Мақомоти Лаҳистон ҳушдор додаанд, ки хориҷиёни барои кумак ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгиршударо ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ хоҳанд кард.

Ҳамзамон, Хадамоти марзбонии Лита хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир аз талоши вуруди 120 паноҳҷӯ аз самти Беларус  ба Литва ҷилавгирӣ кардаанд. Аз аввали моҳи октябр 1739 кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Беларус бо Литва сабт шудааст, ки ин назар ба 981 мавриди моҳи сентябр ҷилавгирӣ шуда ду маротиба бештар аст.

Полшаву Литва, ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген, як масири умдаи интиқоли муҳоҷирону паноҳҷӯён аз Шӯравии собиқ ба шумор мераванд. Паноҳҷӯёни тоҷик низ асосан аз тариқи Полша ва Литва вориди Иттиҳоди Аврупо мешаванд.

Мақомоти Полша ва Литва мақомоти Беларусро ба ташкили  ҳадафмандонаи мавҷи фазояндаи муҳоҷирону паноҳҷӯён ба Аврупо айбдор мекунанд ва мегӯянд, ҳукумати Лукашенко бо ин роҳ мехоҳад барои пуштибонии Полшаву Литва аз мухолифини беларус интиқом бигирад. Ҳукумати Лукашенкоро аз ҷумла ба он айбдор мекунанд, ки барои интиқоли паноҳҷӯён аз Ховари Миёна парвозҳои мустақимро аз Бағдод ба Минск ба роҳ монда, паноҳҷӯёнро худашон ҳидоят мекунанд, ки ба самти марзи Полша ва Литва сарозер шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button