ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО 80 ФОИЗИ ОВОЗҲО ДУБОРА ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ИНТИХОБ ШУД

Раисиҷумҳури кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  дар интихоботи навбатии президентӣ, ки 24 октябр доир шуд, 80,1% овозҳоро ба даст оварда, дубора президент интихоб шуд. Раиси Комиссияи марказии интихобот Зайниддин Низамхоҷаев гуфт, интихобот дар шароити рақобати воқеии байни номзадҳо, дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои Ӯзбекистон гузашт.

Ҷои дуюмро бо 6,6% муовини раиси ҳизби халқии демократӣ Мақсуда Ворисова ва ҷои сеюмро раҳбари ҳизби миллию демократии “Миллий тиқланиш” Алишер Қодиров соҳиб шуданд. Раҳбари ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов 4,1% ва раиси ҳизби сотсиал демократи “Адолат” Баҳром Абдуҳалимов 3,4% овоз гирифтанд.

Худи Мирзиёев пирӯзиашро аломати пуштибонии аҳолӣ аз сиёсати ислоҳоташ номид. Ӯ, ки дар қасри яхи “Ҳумо” дар ҳузури 10 ҳазор аъзои ҳизби либерал демократ, ки номзадиашро ба президентӣ пешбарӣ карда буд, гуфт: “Ман орзу дорам, ки мо соҳиби чунин як давлате шавем, ки дар ҳаққи ҳар инсон ғамхорӣ кунад. Пуштибоние, ки шумо дар интихобот нишон додед, баёнгари он аст, ки шумо, мардуми маҳбуби ман, аз ислоҳоте, ки ман ба роҳ андохтам, пуштибонӣ мекунед.”

Мирзиёев 64  сол дошта, соли 2016 дар пайи вафоти Ислом Каримов ба қудрат расид.

Мирзиёев дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах дар оилае, ки аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ба инҷо кӯчида буд, ба дунё омада, Донишкадаи обёрии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад. То расиданаш ба мақоми президент Шавкат Мирзиёев ҳокими вилоятҳои Ҷизаху Самарқанд ва сипас солҳои тӯлонӣ сарвазири Ӯзбекистон буд.

Мирзиёев дар 5 соли аввали раёсаташ тавонист имиҷи байналмилалии Ӯзбекистонро аз як режими бераҳми саркӯбгар то ба пешсаффи ислоҳот дар Осиёи Марказӣ иваз кунад ва ба ин далел, ӯро ҳатто Ден Сяопин ва Горбачёви Осиёи Марказӣ ҳам ном мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button