ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МАРДУ ЗАНИ ҶАВОН ВА ЯК КӮДАК ДАР ДУ САДАМА ДАР ҲАМРОБОД ВА ҚАЛЪАИ НАВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 24 октябр дар ду садама дар  ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров ва дар деҳаи Қалъаи нав дар канори шаҳри Роғун се нафар аз ҷумла як кӯдаки яксола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла  тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Раҳимзода Абдусаттор Қаҳҳор, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Мастчоҳ-Хуҷанд”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда Раҳимзода А.Қ. ва мусофираш, Раҳмонова Муҳайё Низомиддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин ҳамон рӯзи 24 октябр, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемрӣ», Шарифзода Фахриддин Саттор, соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 3-юми деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Файзуллоева Ойша, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш хурдсол, Файзуллоева О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button