ВидеоМуҳоҷирон

“ДӮКОНАТРО БАНД, САВДОИ МОРО НАКУШ!” ҶАНҶОЛИ БАЙНИ ДУ ТОҶИРИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ САМАРАИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Тафсириддин Тухтамишов, як соҳибкори тоҷик, ки дар як бозори шаҳри Самара дӯкони фурӯши меваву сабзавот ва хушкмева дорад,  бо нашри  ду видео хабар дод, ки рӯзи 19 октябр, як соҳибкори дигари ҳамватанаш Қодиров Меҳроҷ, ки дӯконҳояшон дар бозори Самара дар паҳлуи якдигар ҷойгир шудаанд, ҳамроҳи се ҷиянаш: Ривоҷ, Шодон ва Шодрӯз ба мағозаи ӯ омада,  талаб кардаанд, ки мағозаяшро бубандад ва ба савдои онҳо халал нарасонад.

Тафсириддин Тухтамишов мегӯяд, “ман рад кардам ва онҳо ба ман ҳамла оварда, маро латтукӯб карданд ва борҳои мағозаи маро ба замин чаппа карданд. Дар ҳамин вақт падарам ба мағоза ворид шуданд ва хостанд, ки маро аз чанголи онҳо халос кунанд. Вале онҳо падари маро ҳам чунон сахт латтукӯб карданд, ки ҳоло дар бемористони марказии шаҳри Самара бистариянд.”

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки меваҷоти зиёде дар дохили дӯкони Тухтамишов дар рӯи фарш рехта шудааст ва падараш бо сару даҳони хунолуд, дар ҳоле ки дастонаш сахт меларзанд, дар рӯи фарш хобидааст.

Назари ҷониби дигари ҷанҷол дастрас нест, вале Тафсириддин Тухтамишов аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон хостааст, ки бо роҳҳои қонунӣ аз ӯ ҳимоят кунанд.

Мутаассифона, чунин ҳолатҳои рақобатҳои носолим байни тоҷирони тоҷик дар бозорҳои Русия, бахусус вақте ки онҳо молҳои якхеларо савдо мекунанд, хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button