АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БА ПОЙГОҲИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО ОХИРИ СОЛ 30 ТОНКИ НАВ МЕДИҲАНД

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то охири соли 2021  бо 30 тонки муосири Т-72Б3М тақвият дода хоҳад шуд. Дар ин бора р=зи 24 октябр ба журналистон сардори ситоди пойгоҳи Русия Евгений Охрименко. Қаблан дар моҳи сентябр фармондеҳи хадамоти тонкҳову зиреҳпӯшҳои Ҳавзаи ҳарбии марказии артиши Русия Ханиф Беглов низ гуфта буд, ки то поёни сол пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бояд бо 30 тонки навшудаи Т 72 мусаллаҳ карда шавад.

“Дар ҳоли ҳозир навсозии таслиҳоти воҳидшои пойгоҳи низомӣ бо намунаҳои муосири техникаи ҳарбию махсус идом дорад. То поёни сол пойгоҳ бояд ба ҷои тонкҳои қадимтар 30 тонки муосири Т-72Б3М бигирад”, – нақли қавл кардааст аз Охрименко хабаргузории «Интерфакс- агенство военных новостей».

 Охрименко гуфт, пойгоҳи 201 ахиран бо мошинҳои ҷангии навтарини БМП-2, маҷтамаъҳои сайёри мушакии “Верба”, автоматҳои “Калашников” АК-12, камонҳои снайперии муосири “Корд”, огнемётҳои навратин, мошинҳои санитарии “Линза”  мусаллаҳ гардонда шуд.

Навсозии таслиҳоти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари шадидан тағйир ёфтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад. Дар Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ қудратро ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон соҳиб шуданд.

Тонкҳои Т-72Б3М зиреҳпӯши боз ҳам қавитар дошта, бо дурбини “Сосна-У” ва тепловизор, ҳамчунин бо муҳаррики нав ва шабакаи алоқаи “Акведук” муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар замини дивизияи 201-уми артиши Русия таъсис ёфта, соли 2012 замони будубошаш то соли 2042 тамдид карда шуд. Ин пойгоҳ бо беш аз 6 ҳазор аскару афсар бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия ба шумор меравад.

Моҳи июли соли ҷорӣ пойгоҳи 201-ум бо 17 мошини зиреҳпӯши муосири БМП-2, моҳи август бо маҷтамаъҳои сайёри мушакии “Верба”, автоматҳои “Калашников” АК-12, камонҳои снайперии муосир, огнемётҳо (оташандозҳо) ва маҷтамаъҳои мушакҳои зиддитонкии “Корнет” мусаллаҳ гардонда шуда, моҳи сентябр ин пойгоҳ соҳиби пулемётҳои қутраш бузурги “Утёс” шуд.
Ҳамин тавр, дар соли 2020 пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо ҳудуди 20 техникаи муосир, аз ҷумла чархболҳои Ми-8-МТВ5-1 ва зиреҳпӯшҳои БМП-2М тақвият дода шуда, дар поёни соли 2019 дар ин пойгоҳ дивизиони сипарҳои мушакии С-300ПС ба навбатдорӣ сар карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button