ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМА ДАР ҲАЛЕВАРД, ДУЗДӢ ДАР ЗАРБДОР ВА 2 ҚАЛЛОБӢ ДАР СОМОНИЁНУ ИСТАРАВШАН

Соати яки шаби 19 октябр бар асари бархӯрди мошини “Мерседес” бо мошини боркаши “Дулан” дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён” дар ҳудуди ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ронандаи сабукрав, сокини 27-солаи Хуҷанд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

хххххххххххххх

Ҷавони 18-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи сокини Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки 15 август пинҳонӣ ба хонаи сокини ҷамоати Зарбдор даромада, ҷавоҳироти гуногуни тиллоиву нуқрагӣ ва телефони ӯро дуздида, ба ҷабрдида ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

хххххххххххххх

Зани 61-солаи сокини шаҳраки Сомониён ба он гумонбар мешавад, ки аз соли 2008, инак 13 сол боз 30 ҳазор доллари як зани дигари сокини Сомониёнро барнагардондааст. Як сокини 34-солаи қаблан ҳам барои қаллобӣ судшудаи Истаравшан  ба он айбдор мешавад, ки 64 ҳазор сомониро барои 10 рӯз гирифта, инак як сол боз имрӯзу пагоҳ карда гаштааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи “Мерседес-Бенс” бар асари бархурд бо автомашинаи “Дулан”

Рӯзи 19-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Атабаев Расулҷон Шарифбекович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-поён”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, таҳти идораи ронанда, Бобоев Амриддин Маҳмадович, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Ориёни шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ дар ҳолати корношоям меистод, бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”, Атабаев Р.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, шахси номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, нуқрагӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Ҷ-1”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб гирифтани маблағ бо баҳонаи тиҷорат

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 48-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2008 зани 61-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 34-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда гардидааст, ки ӯ 19-уми сентябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри мазкур даромада, аз ӯ барои соҳибкориаш 64 ҳазор сомонӣ ба мӯҳлати 10-шабонарӯз гирифта, то ҳол маблағашро баргардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button