АфғонистонВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХАДАМОТИ МАХСУСИ 6 КИШВАР ДАР ДУШАНБЕ ВАЗЪИ АФҒОНИСТОНРО БАҲС КАРДАНД

Рӯзи 20 октябр дар Кохи Сомон дар Душанбе ҷаласаи хадамоти махсуси Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон доир шуда, иштирокчиёни ин нишаст вазъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, вазъи Афғонистон мураккаб боқӣ монда, амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “дар ҳошияи равандҳои ташаннуҷи вазъият, тамоюли ҷалбсозии  ҷавнони мансуби миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷой дорад. Созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунанд.”

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин “аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ” зикр карда,  хостаанд, то барои “ба эътидол даровардани вазъияти Афғонистон имконияти ташкилоти байналмилалие, ки иштирокчиёни ҷаласа узви онҳо мебошанд, истифода бурда шавад.”

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват кардаанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро таҳия намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд.

Нишасти хадамоти вижаи 6 кишвар дар Душанбе дар ҳоле доир шуд, ки рӯзи 20 октябр дар пойтахти Русия вазъи Афғонистон дар “формати Маскав” баргузор мешавад. Бино ба хабарҳо, Русия ба ин нишаст дар баробари намояндагони Толибон, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раҳбари собиқи Шӯрои олии мусолиҳа доктор Абдуллоҳро низ даъват кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button