ВидеоФарҳанг

КОММУНИСТ ЗИСТУ КОММУНИСТ АЗ ДУНЁ РАФТ: ДАРГУЗАШТИ РАҲБАРИ ТВ “СИМО”-И ПАНҶАКЕНТ ЯЗДОНҚУЛ МАВЛОНОВ

Раҳбари ширкати “Садо ва Симо”-и шаҳри Панҷакент, рӯзноманигор Яздонқул Мавлонов рӯзи 19 октябр дар синни 70 аз бемории саратон вафот кард. Маросими намози ҷанозаи марҳум 20 октябр, соати 11 дар қабристони “Сари камар” доир мешавад.

Яздонқул Мавлонов яке аз рӯзноманигорони собиқадор дар шаҳри Панҷакент буда, дар рӯзномаи маҳалии “Зарафшон” ва сипас дар телевизиони “Симо”  аз рӯзноманигори оддӣ то ба вазифаи раҳбарӣ кору фаъолият намудааст. 

Яздонқул Мавлонов фориғуттаҳсили Донишгоҳи омӯгории Тоҷикистон буд. Ҳамкоронаш мегӯянд, даҳҳо рӯзноманигорону кормандони техникӣ ТВ “Симо”-ро тарк намуданд, аммо танҳо ду нафар дар ин даргоҳ тӯли қариб 30 сол фаъолият доштанд, ки яке аз онҳо Мавлонов буд.

Дар баробари ин Яздонқул Мавлонов  чандин сол сармуҳарири “Ҳақиқат”, рӯзномаи ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, “Чашмаи меҳр”, рӯзномаи шуъбаи маорифи шаҳр ва рӯзномаи “Симо” буд.

Яздонқул Мавлонов аз коммунистони содиқ буд, ки то вопасини умраш ҳизбашро дигар накард ва  ба гуфтаи дӯстонаш, коммунист зисту коммунист аз дунё рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button