ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ШАБНАМИ СУРАЙЁ 40-СОЛА ШУД (ВИДЕО)

Шабнами Сурайё, яке аз маъруфтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик рӯзи 14 октябр ба синни 40 расид. Бардоштҳо аз эҷодиёти Шабнам дар ҷомиа яксон нест, вале чӣ тарафдорону чӣ мухолифонаш эътироф мекунанд, ки агар ӯ дар ҷавҳар истеъдоди фавқулодда намедошт, наметавонист дар тӯли ин қадар сол ин қадар маҳбубиятро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар доираҳои ҳамзабонҳои мо аз Афғонистону Эрон ба даст биорад. Мехоҳем, ё намехоҳем, вале ҳеҷ каси дигар аз хонандагони муосири тоҷик баробари Шабнами Сурайё натавонистааст дар берун аз Тоҷикистон ин қадар маъруфият ба даст биорад.

https://www.instagram.com/stories/shabnamsurayoofficial/2684243222469142451/

Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.

Шабнами Сурайё соли 2004, баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш, ки аз хонаводаи дар он даврон дар Кӯлоб пурнуфузи Чоловҳо буд,   пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт.

Шабнами Сурайё чандин сол паи ҳам ҷоизаи “Big Apple” барои беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистонро ба даст оварда, ҳар сол дар Аврупову Амрико консертҳо мегузорад. Аммо дар консертҳои расмӣ ва дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таронаҳои Шабнами Сурайё тақрибан садо намедиҳанд.

Шабнами Сурайё соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ сафари Ҳаҷҷи умра карда буд ва баъди зиёрати Маккаву Мадина чанд сол дар саҳна бо ҳиҷоб ҳунарнамоӣ мекард. Аммо дар аксу клипҳову консертҳои ахирашон Шабнаму Фарзона дигарбора бо либосҳои аврупоӣ зоҳир мешаванд.

Шабнами Сурайё аз он овозхонҳои тоҷик аст, ки дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Аксари таронаҳои ӯ хеле зуду осон дар Интернет марзи як миллион тамошобинро тай мекунанд ва чанд таронааш марзи 5 ва ҳатто 10 миллион тамошобинро ҳам пушти сар гузоштаанд.

Яке аз охирин таронаи пуртарафдори Шабнам “Таролла Далли” буд, ки ҳамроҳ бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова иҷро кардааст. Ин таронаро дар ду сол танҳо дар канали худи Шабнам дар Ютуб беш аз 12 миллион нафар тамошо кардаанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки Шабнам ва Юлдуз танҳо шакли садоии ин таронаро дар формати МП3 нашр кардаанд.

Охирин таронаи Шабнам бо номи “Бизан дутора” 1 сентябр нашр шуд ва дар якуним моҳ алакай беш аз ду миллион тамошобин ҷамъ овардаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button