ВидеоҶомеа

ҲАЛОКАТИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ТЕМУРМАЛИК АЗ ИСТЕЪМОЛИ КОНСЕРВА

Додситонии ноҳияи Темурмалик ба тафтиши қазия аз истеъмоли консерва заҳролуд шудани 18 узви як хонавода оғоз кардаааст. 4 нафари онҳо, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷони Раҳматзода, ҳодиса нимашаби 1 октябр дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Темурмалик рух додааст, вале ҷузъиёташ тоза ошкор шуд.

Як манбаъ дар додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт,  бар асари истеъмоли консерва дар Қӯштеппа чаҳор нафар: Умедҷон Ҳамидови 40-сола, Муяссара Қулматоваи 32-сола, Сумая Додозодаи 6-сола ва Рухсора Қулзодаи 2-сола ҷон бохтаанд.

“Тафтиши аввалия муайян кард, ки Дадаҷон Нурхонов, рӯзи 30 сентябр дар хонааш оши палав омода карда, ҳамаи хонаводаро даъват мекунад. Дар вақти истеъмоли ош як банкаи дулитраи хӯриши иборат аз помидор, пиёз, сирпиёз ва қаланфури булғориро истеъмол мекунанд ва аз ҳамин заҳролуд мешаванд. Ҳоло тафтиш ҷараён дорад ва ташхис дақиқан аз чӣ заҳролуд шудани онҳоро дақиқ хоҳад кард”, – афзудааст ин манбаъ аз додситонии минтақаи Кӯлоб.

Чаҳор нафар аз заҳролудшудагон то  ҳол дар шифохонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ будаанд. Табибон аҳволи онҳоро муътадил мегӯянд.

Абдукарим Шокиров, сартабиби ин бемористон рӯзи 14 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаш нафаре, ки аввал ба бемористон оварда шуданд, тамоми узвҳои бадани чор нафарашон заҳролуд шуда буд, аз ин рӯ табибон натавонистанд он 4 нафаро наҷот диҳанд.

“Мо барои наҷоти дигаронашон тамоми талошамонро кардем. Ҳоло чаҳор нафари дигараш мондааст, рӯзҳои наздик ҷавобашон медидем”,–гуфт сардухтур.

Ин нахустин мавриди заҳролудшавии сокинон аз истеъмоли консерва нест.

Моҳи ноябри соли 2019 бар асари заҳролудшавӣ аз “консерваи бодирингу помидор” дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 7 нафар заҳролуд шуда, яке аз онҳо фавтида буд.

Пеш аз он моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб заҳролуд шуда, соли 2016 се нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд. Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳам бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дода буд.

Табибон мегӯянд, дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Ин то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад, навиштаст хабарнигори Озодӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button