АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СИЛСИЛАСАФАРАШ БА АВРУПОРО АЗ БЕЛГИЯ ОҒОЗ КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 10 октябр барои анҷоми сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар кард. Дидори Белгия нуқтаи оғози силсиласафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо мешавад.

Бино ба иттилои рамӣ, дар фурудгоҳи Душанбе ӯро раисони ҳарду палатаи парлумон, сарвазир ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд. Хадамоти матбуоти президент гуфт, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба робитаҳои хориҷӣ, мудири Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар барномаи сафари Эмомалӣ Раҳмон дар иттилоияи расмӣ чизе гуфта нашудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Фаронса қаблан гуфт,  президенти Фаронса Эммануэл Макрон рғзи 25 август дар пайи мулоқоти телефониаш Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми як сафари расмӣ ба кишвараш даъват кард. Вазъ дар Афғонистон дар пайи ба дасти ҳаракати тундрави Толибон афтодани ҳукумати он кишвар як мавзӯи асосии суҳбати Раҳмон бо Макрон гуфта мешуд.

Кохи Елисей (қароргоҳи дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса) гуфт, мулоқоти Эммануэл Макрон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Порис рӯзи 13 октябр ба нақша гирифта шудааст. Президенти Тоҷикистон бори охир ду сол пеш: моҳи ноябри соли 2019 аз Фаронса боздид карда буд, вале зоҳиран тағйири куллии вазъи ҳарбию сиёсии Афғонистон зарурати сафари нави ӯро ба Фаронса пеш овардааст.

Ба дунбол, Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо низ тасдиқ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябр аз қароргоҳи ин ниҳод дар Брюссел низ боздид карда, пиромуни вазъи Афғонистон суҳбат мекунад.

Дар арафаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, як ниҳоди наздик ба нирӯҳои оппозитсионӣ, ки мисли дигар гуруҳҳои асосии мухолифин дар Аврупо фаъолият мекунад,  дар як нома аз парлумони Аврупо хост, ки 6 талаби муҳими мухолифини тоҷикро зимни ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон дар миён бигузоранд.

Аз Иттиҳоди Аврупо хоста шудааст, то аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунад, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳабсу зиндонӣ кардан ва озору шиканҷаи мухолифини сиёсиаш ва наздикони онҳо  нуқта гузошта, ҳамаи маҳбусони сиёсиро аз маҳбасҳо озод кунанд.

Бас кардани сиёсати маҳдуд шудани мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои хонавода ва хешу табори наздики президенти Тоҷикистон, роҳ кушодан ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, таъмини асли ивазшавандагии ҳукумат, фароҳам овардани дастрасии мардум ба озодиҳои шаҳрвандӣ, риояи Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷумлаи дигар талабҳоест, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик дар номаи худ ба парлумони Аврупо зикр кардааст.

Ҳамин тавр, мухолифини тоҷик аз парлумони Аврупо хостаанд, то мақомоти Тоҷикистонро ба пазируфтани паноҳҷӯёни афғонистонӣ моил кунанд ва “шаҳрвандони бепаноҳи афғонистонӣ, ки аз ситамҳои ҷорӣ дар кишварашон ранҷ бурда ва фирор кардаанд ва дар марз бо Тоҷикистон мондаанд, билофосила ба кишвар ҷой дода шаванд.”

Ба ақидаи мухолифини тоҷик, “садҳо афғонистонии бегуноҳ имрӯза дар марз муъаллақ мондаанд ва мақомоти тоҷик иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро ба онҳо намедиҳанд”.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат гирифт, ки президенти Тоҷикистон қотеъона аз режими нави Толибон дар Афғонистон интиқод мекунад ва ин гуруҳи тундравро ба он айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад, ва барои тоҷикон ва дигар ақалиятҳои қавмии Афғонистон дар ҳукумати нави Толибон ҷойгоҳи шоиста талаб дорад.

Кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Белгияву Фаронса, тавре ба назар мерасад, режими нави Толибонро чандон хуш надоранд. Фаронса, барои мисол, дар солҳои 90 аз ҳаводорони муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд, падари фақиди Аҳмади Масъуд ба зидди режими қаблии Толибон ба шумор мерафт ва аз лиҳози сиёсӣ аз ӯ ҳимоят мекард. Вале Порис дар мавриди пуштибонӣ кардан ё наардани Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button