ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ МУСОФИР ДАР ЯК САДАМА ДАР РОҲИ ВАРЗОБ

Рӯзи 8-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Зарипов Парвиз Сангимуродович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст. ВКД гуфт, ронандаи “Тойота” қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накардааст.
Дар натиҷаи садама, 4 мусофири ин мошин: Саидов Абдуназар Шералиевич, соли таваллудаш 1956, Муъминова Олисамоҳ Меҳрубоновна, соли таваллудаш 1999, Норов Раҷабмурод Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1984, Қодиров Шаҳзод Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мутаассифона, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ мусофирон Абдуназар Саидови 65-сола ва Олисамоҳ Муъминоваи 22-сола ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button