АфғонистонВидеоТоҷикистон

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ РУСИЯ БАРОИ КУМАК БА ТОҶИКИСТОН ДАР СУРАТИ БАД ШУДАНИ ВАЗЪ ДАР САРҲАДИ АФҒОНИСТОН (ВИДЕО)

Дар сурати зарурат ҳангоми бад шудани вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, Русия барои чораҳои қатъитарин барои кумак ба Тоҷикистон омода аст. Ин изҳорот рӯзи 7 октябр аз забони намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова садо дод.

Дар брифинги ҳаррӯзаи вазорати хориҷаи Русия журналисти хабаргузории афғонии “Азия Нюс” аз Захарова пурсид, ки азбаски муноқишаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбарони Толибон то ҳол ҳалношуда боқӣ мондааст, оё Русия дар сурати идомаи ин муноқиша ба кумаки Тоҷикистон мерасад?

Мария Захарова посух дод, ки дар Маскав умедворанд, ки Толибон ба ваъдаҳои қаблии худ дар маврмди ин ки аз хоки Афғонистон таҳдиде ба амнияти кишварҳои дигар, аз ҷумла ба зидди кишварҳои ҳамсоя бар нахоҳад хест, содиқ мемонанд. Ӯ афзуд, Русия тамосҳояш бо Толибонро бо мақсади “ташвиқи пайгиронаи ақидаи ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми нирӯҳои қавмию сиёсии он кишвар бошад”, идома медиҳад ва вазъ дар Афғонистон ва дар марзаш бо Тоҷикистон низ дар мадди таваҷҷуҳи Маскав боқӣ мемонад. Захарова гуфт, аз ин лиҳоз байни Маскаву Душанбе аз тариқи мақомоти ҳарбӣ, марзбонӣ ва дипломатӣ тамосҳои доим ҷараён доранд.

Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки  “пойгоҳи 201-уми Русия бо тамоми маводи лозим таъмин карда шудааст, то дар сурати шадид шудани вазъ ба ҳукумати Тоҷикистон кумак кунад. Агар зарур шавад, дар чорчӯби улусли иттиҳод ва мушорикати стратегии Русияву Тоҷикистон чораҳои қатъитарин андешида хоҳанд шуд.”

Изҳори итминони Маскав барои кумак ба Тоҷикистон дар сурати бад шудани вазъ дар мархи ин кишвар бо Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки байни мақомоти Тоҷикистон ва ҳаракати тундрави Толибон, ки ахиран қудратро дар Афғонистон ғасб кард, чанд вақт боз таниш идома дорад.

Ахиран Маҳдӣ Арсалон, раҳбари толибони тоҷик аз гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки дар Афғонистон аз тарафи ҳаракати тундрави Толибон меҷангад, изҳор дошт, ки ҷангҷӯёнаш барои ҳамла ба Тоҷикистон омодаанд. Намояндаи Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон дар посух гуфт, ки онҳо омодаанд, ки ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ”-ро “ба таври лозим пешвоз бигиранд ва қабри ҳамаашро бикананд.”

Душанбе Толибонро ба табдили дубораи Афғонистон ба “лонаи терроризми байналмилалӣ” айбдор карда, ба таври ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад ва барои тоҷикон ва дигар ақалиятҳои қавмии Афғонистон дар ҳукумати нави он кишвар “ҷойгоҳи шоиста” талаб дорад. Роҳбарони Толибон ба навбати худ Тоҷикистонро ба дахолат дар умури худ айбдор ва таҳдид кардаанд, ки “ҳар амал аксуламале дорад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button