ВидеоИлму фанноварӣКоррупсияФарҳанг

БОЗДОШТИ ЯК ОЛИМИ ШИНОХТАИ ТОҶИК АЗ ҶОНИБИ АГЕНТИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 4 октябр хабар дод, ки Шариф Комилзода, олими шинохта ва мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанг ва сармуҳосиби ин муассисаи давлатӣ Маҳмад Бобоҷонов ба азони худ кардани маблағҳои ин муассиса ба маблағи беш аз 370 ҳазор сомонӣ (чизе бештар аз 30 ҳазор доллар) айбдор мешаванд. Нисбат ба онҳо бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (аз они худ кардани маблағҳо ба миқдори махсусан калон)  ва 323(сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба Комилзода ва Бобоҷонов барои сохтакорӣ ҷарима ваё то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ва  барои азонихудкунии маблағҳо ҷарима ваё аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 4 октябр дар шарҳи парвандаи Шариф Комилзода гуфт: “Комилзода Шариф дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо сармуҳосиби Муассисаи мазкур Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо маслиҳати пешакӣ дар давраи фаъолияти кориашон солҳои 2019-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 370760,82 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд.”

Шариф Комилзода (қаблан Тошев)  63 сол дошта, соли 1979 риштаи китобдории Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, солҳои зиёде дар ҳамин донишкада дарс додааст. Шариф Комилзода солҳои 1985—1988 аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав буд ва соли 1989 рисолаи номзадиашро дар Маскав ҳимоят карда, унвони номзади илмҳои педагогиро ба даст овард.

Шариф Комилзода солҳои 1998—1999 — сардори шӯъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, солҳои 1999—2001 — раиси Китобхонаи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва солҳои 2003—2011 дар мақомҳои сардори раёсати фарҳанги вазорати фарҳанг ва мудири Китобхонаи миллии ба номи А.Фирдавсӣкор карда, сипас то соли 2015 муовини мудири китобхонаи миллӣ ва 6 соли охир мудири  Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти вазорати фарҳанг буд.

Шариф Комилзода бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шуда, “Аълочии маориф”, “Аълочии фарҳанг” ва “Аълочии матбуот” мебошад.

Ӯ муаллифи беш аз 400 асару мақолаҳои илмист, ки аксаран ба китобдорӣ ихтисос ёфтаанд.

Шариф Комилзода аз ҷумла соли 2013 феҳрасти китобҳои чопшуда дар бораи президент Эмомалӣ Раҳмонро бо номи “Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ” ва соли 2016 китоби “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”-ро чоп кард, ки  дар он 2256 асари бадеии навишташуда дар бораи президенти кунунии Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button