ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

БА ХАЛҚ СЕ ХЕЛ ТАОМ ДОДААСТ: СОКИНИ ЛЕВАКАНТРО БАРОИ ТӮЙИ ДУХТАРАШ ҶАРИМА БАСТАНД

Додгоҳи шаҳри Левакант сокини деҳаи Истиқлоли ҷамоати Ваҳдат Абдуғаффор Бӯроновро барои вайрон кардани қонуни танзим ва ду рӯз доир кардани тӯйи арӯсии духтараш ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Бӯронов тибқи тавсияномаи сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Вахдат мебоист тӯйи домодию арӯсии духтараш Зоирова О.А. ва домодаш Сайдуллоев Б.И-ро 7 август аз соати 8 то 10 дар хонаи худ баргузор мекард.

“Аммо, ӯ маросими мазкурро 6 август, дар соати 20 бо иштироки зиёди меҳмонон ва бо додани се таом гузаронида, инчунин субҳи 7 август маъракаро давом додааст.  Тибқи талаботи моддаи 14 сархати 3-и Қонуни мазкур давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шудааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Бӯроновро ҳамчунин ба он айбдор кардаанд, ки дар бораи тағйир додани рӯзи тӯй мақомоти ваколатдор ва комиссияи доимии маҳаллиро хабардор накардааст.

“Инчунин, тибқи талаботи моддаи 10 сархати 1-и Қонуни мазкур,  аз тарафи арӯс бо додани ош ва аз тарафи домод зиёфат бо назардошти талаботи пешбинигардида амалӣ карда шавад.   Аммо, номбурда маросими тӯи духтарашро бо додани зиёфат ва бо додани се таъом баргузор намудааст, ки ин бархилофти талаботи қонунгузории мазкур мебошад”, таъкид шудааст дар иттилоия.

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 дар Тоҷикистон қабул карда шуд, аз ҷумла қонунҳои баҳсбарангез дар ин кишвар ба шумор меравад. Мақомот исрор меварзанд, ки қонуни танзим имкон дод, ки аҳолӣ хароҷоти беҳударо барои маъракаҳои тӯю худоӣ кам карда, пасандози худро барои корҳои муҳимтаре, чун сохтани хона, таъмини пули таҳсили фарзандон сарф кунанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонуни танзим барои дасти дарози дахолати давлат дар ҳарими ҳаёти  хусусии мардум шароит фароҳам меорад ва бархе бандҳои он, ба мисли манъи даъвати дӯстон ба ҷашни зодрӯз дар замони муосир аз як тараф, хандаовар менамоянд ва аз тарафи дигар, нақзи рӯирости ҳуқуқи инсонии сокинон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button