ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 30 сентябр дар ҷумҳурӣ дар се садамаи марговар дастикам се нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла соати 03:20 бар асари ба КАМАЗ бархӯрдани як “Старекс” дар ҳудуди ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ як мусофири “Старекс” аз Ёвон, соли таваллудаш 1964 ҷон бохтааст. Соати 07:30 бар асари бархӯрди “Опел” бо “Дэу” дар роҳи Овчӣ Қалъача як мусофири чилсолаи “Дэу” ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин соати 14:30 як ронандаи “Мерседес” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, ду дучархарони ноболиғи ҳардуяш 16соларо пахш кардааст. Яке аз ин наврасон дар ҷои садама ҷон додааст.

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳафиззода Муҳаммадсодиқ Азиз, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Б.Ғафуров-Овчиқалъача” бехатари ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Дэу-Леганзе», таҳти идораи Бурҳонов Юсуфбек Давронович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Дэу-Леганзе», Отабоев Рустамҷон Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сафаров Олим Ёқубович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, дучархаронҳои ноболиғ Юлдошев Сураҷ Саидакбарович ва рафиқаш Мирзомиддинов Зиёвиддин Бахтиёрович, соли таваллудашон 2005, истиқоматкунандагони ҷамоати шаҳраки Оби-кикро, ки аз тарафи рости роҳ ба чапи роҳ мегузаштанд, пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғ Юлдошев С.С. ҷароҳатҳоивазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Мирзомиддинов З.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Ниҳолов Давлатёр Худоёрович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рушон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Душанбе”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистон, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи боркаши “Дулон”, таҳти идораи ронанда, Тимуров Манучеҳр Расулҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Хундай-Старекс» Галчабеков Галчабек Акимбекович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Бахдавлатова Тобистон Рӯзадоровна, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button