ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

САЙРАМ ИСОЕВА ВА РАҶ КАПУР САЗОВОРИ ҶОИЗАИ СИНАМОБАЗМИ ТОШКАНД ШУДАНД

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барои саҳми бузургаш дар рушди синамо сазовори ҷоизаи махсуси Синамобазми байналмилалии Тошканд «Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим» шуд. Ба ин ҷоизаҳои махсус ва 20 ҳазор доллар масъулони ҷашнвора чанд ситораи маъруфи синамои дунё: Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Русия), Сайрам Исоева (Тоҷикистон), Нурӣ Билге Ҷейлам (Туркия) ва Ойтурған Темирова (Қирғизистон)ро сазовор донистанд. Ҷоизаи шодравон Раҷ Капурро ба писараш супурданд.

Ҷашнвораи синамои Тошканд аз 28 сентябр то 3 октябр давом мекунад ва дар он филмҳо аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Миср, Беларус, Русия, Туркия, Эрон, Исроил, Ҳинд, Полша, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон намоиш дода мешаванд.

Ба ҷашнвора ҳамчун меҳмони фахрӣ беш аз 150 ситораи маъруфи синамо, аз ҷумла Митхун Чакраборти, Ӯзҷон Дениз, Стивен Сигал, Жерар Депарде, Ойтурған Темирова, Тимур Бекмамбетов, Сайрам Исоева  даъват шудаанд ва интизор меравад, ҷоизаи асосии синамобазми Тошкандро ба ғолиб коргардони машҳури фаронсавӣ Люк Бессор бисупорад.

Ҷашнвораи синамои Тошканд, ки ҳамчун ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ маъруф буд, дар замони Шӯравӣ аз соли 1966 то 1988 ва баъди суқути СССР аз соли 1992 то 1997 доир карда мешуд ва яке аз муътабартарин ҷашнвораҳои синамо ба шумор мерафт. Ҷашнвораи “Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим” ҳоло барои он таъсис дода шудааст, то шуҳрати қаблии синамобазми Тошкандро барқарор кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button