АфғонистонВидеоТоҷикистон

ПАРАДИ ҲАРБӢ ДАР ХОРУҒ: БОЗ ЯК НАМОИШИ ЗӮРИ БОЗУИ ТОҶИКИСТОН БА ТОЛИБОН (38 АКС)

Рӯзи 30 сентябр дар шаҳри Хоруғ дар идомаи сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон дар ҳузури ӯ паради ҳарбии афсарону аскарону Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир шуд. Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми қабули парад дар минбар ҳамаи вазирони қудратӣ ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли гузашти ҳарбӣ  гуфт, дар шароити авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои мо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва дар маҷмӯъ ноором будани вазъият дар кишвари бо мо ҳамсоя масъулияти нирӯҳои мусаллаҳ барои ҳимояти истиқлоли давлатӣ ва дастоварди муҳимтарини он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон дучанд мегардад. Ӯ аз нирӯҳои мусаллаҳ даъват кард, ки барои ҳимояи марзу бум, амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Иштирок дар паради ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ  30.09.2021

Паради ҳарбӣ дар Хоруғ алакай дуюмин паради қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 4 рӯзи охир ва панҷумин параду сафороии онҳо дар ду моҳи охир буда, дар пасманзари тағйири куллии вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон ва таниши ҷиддӣ байни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаракати тундрави Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ғасб кардааст, сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 16 июл зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз воҳидҳои сарҳадии Панҷу Ҳамадонӣ паради аввал доир гардида,  соати чори субҳи 22 июл, бори аввал дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, сатҳи омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба пешвози30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ гузашти низомӣ ё парадҳои ҳарбӣ баргузор карда шуд. Дар ин парадҳои ҳарбӣ дар маҷмӯъ 162 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, танҳо дар гузашти низомӣ дар маркази Душанбе 30 ҳазор аскару афсар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин бузургтарин гузашти низомӣ дар пойтахти Тоҷикистон буд.

Ва рӯзи 27 сентябр, дар рӯзи аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон, Тоҷикистон дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз як гузашти ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор аскару афсар ва техникаҳои низомиро баргузор кард.

Ин парадҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки байни Тоҷикистон ва ҳаракати тундрави Толибон  як ҷанги сард дар шакли радду бадали таҳдидҳо дар ҳоли авҷ гирифтан аст.

Ҷониби Тоҷикистон, қарори маълум, аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва президент Эмомалӣ Раҳмон чандин бор гуфт, Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Ӯ гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумати он кишвар ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Тоҷикистон ҳамин тавр, ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва ба шуморе аз раҳбарони он  паноҳ дода, ахиран Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард

Эмомалӣ Раҳмон ҳатто рӯзи 24 сентябр  бахши аъзами суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро низ ба вазъи Афғонистон бахшид ва дар ин суханрониаш Толибонро айбдор кард, ки Афғонистонро дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодааст.

Роҳбарони Толибон, аз ҷумла ҳарду муовини раиси ҳукумати ташкилдодаашон Мулло бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ дар посух Тоҷикистонро ба дахолат дар умури онҳо айбдор карда, ҳушдор доданд, ки “ҳар амал аксуламале дар пай дорад.”

Ҳафтаи гузашта Толибон аз истиқрори “даҳҳо ҳазор” аз нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз, Тахор ва Бадахшон хабар дод ва гуфт, ин кандакҳои истишҳодӣ, яъне баталйонҳои маргталабон барои рафъи таҳдидҳои амниятии эҳтимолӣ дар ин манотиқ ҷобаҷо шудаанд.

Толибон ҳатто гузаштҳои ҳарбии ин ба ном “маргталабон”ро баргузор кард ва ҳамчунин ҷангиёни тоҷикистонии “Ансоруллоҳ”ро ба марзи Бадахшон фиристод ва онҳо низ гӯё барои убури марзи Тоҷикистон даст ба тадорукоте задаанд. Толибон ҳамчунин як гуруҳи мардумро дар марз бо Тоҷикистон ҳамчун паноҳҷӯ ҷамъ оварда, президенти Тоҷикистонро ба “ваъдахилофӣ” ва роҳ надодани ин мардум ба қаламраваш айбдор карда, наворҳоро тавассути як канали ба онҳо наздик ва ҳатто аз тариқи Радиои Озодӣ паҳн карданд.

Ва нуқтаи авҷи ин ҷанги сард таҳдиди рӯирости Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар шуд, ки ахиран хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Агар ҷомиаи ҷаҳонӣ мудохила накунад, Тоҷикистонро дар зарфи 24 соат тасхир хоҳем кард.”

Бисёриҳо ин ҳама мавҷи таҳдидҳои Толибон ба Душанберо посух ба мавқеъгирии шадидан мухолифи Душанбе ба режими нави Толибон дар Афғонистон мешуморанд. Вале нозирони умур мегӯянд, ки ин таҳдидҳо ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ бештар намоишӣ ба назар мерасанд, то воқеӣ ва хушбахтона, то имрӯз дар чорчӯби намоиши зӯри бозу маҳдуд шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button