АфғонистонВидеоТоҷикистон

ҶАНГИ ТАҲДИДҲО. СУХАНГӮИ ТОЛИБОН: ТОҶИКИСТОНРО ДАР 24 СОАТ МЕГИРЕМ

Тавре ба назар мерасад, байни Тоҷикистон ва ҳаракати тундрави Толибон, ки ахиран қариб ҳамаи қаламрави Афғонистон, аз ҷумла наздики 1400 километр марзҳои он кишвар бо Тоҷикистонро ишғол кард, як ҷанги сард дар шакли радду бадали таҳдидҳо дар ҳоли авҷ гирифтан аст.

Нуқтаи авҷи ин ҷанги сард таҳдиди рӯирости Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар шуд, ки гуфт: “Агар ҷомиаи ҷаҳонӣ мудохила накунад, Тоҷикистонро дар зарфи 24 соат тасхир хоҳем кард.”

Ҳамчунин Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси ҳукумати ташкилкардаи Толибон ва собиқ раҳбари дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳам Тоҷикистонро дар мудохила дар умури онҳо айбдор карда, низ таҳдид карда буд, ки “ҳар амал аксуламале дар пай дорад.”

Толибон ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта аз эъзоми “даҳҳо ҳазор нирӯҳои вижаи Лашкари Мансурии Иморати исломӣ”дар се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор, Бадахшон ва Кундуз хабар доданд. “Лашкари Мансурӣ ин кандаки истиҳшодӣ ё худ баталёни маргталабони Толибон аст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон вақте эълони ҷобаҷо шудани “Лашкари Мансурӣ” дар вилояти Тахорро нашр мекард, бидуни ироаи ҷузъиёти зиёде навишт, “даҳҳо ҳазор нафар аз нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар Тахор бо ҳадафи рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷобаҷо карда шудаанд.”

Ҳамин тавр, Толибон ҷангҷӯёни тоҷики “Ансоруллоҳ”-ро гӯё дубора аз Кобул ба марзи Бадахшон фиристодаанд ва онҳо ҳам тараддудҳоеро ҷиҳати  омодагӣ ба убури марзи Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд. Толибон ҳамчунин дар вулусволии Ишкошим шуморе аз сокинонро ҷамъ оварда, тавассути канали “Бадахшон+”, ки ахиран зери назорати онҳо қарор гирифтааст, маърака ба по карданд, ки садҳо гуреза дар марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудааст, вале президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъдахилофӣ карда, ба онҳо иҷозати убур намедиҳад. Аҷиб он аст, ки Радиои Озодӣ низ ин таблиғоти Толибонро як гузориши калон карда, бо видеояш чоп кардааст.

Рӯзе баъди онки ин видеоҳо дар канали “Бадахшон+” ва сипас дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд, вулусволи аз сӯи Толибон таъйиншудаи Ишкошим тавассути боз ҳамон канали машкук асли мақсадро гуфт, ки Тоҷикистон метавонад ин гурезаҳоро иҷозати убур бидиҳад, ило агар “Иморати исломӣ”-ро ба расмият бишиносад ва бо роҳбаронаш пои музокирот бинишинад.

Бисёриҳо ин ҳама мавҷи таҳдидҳои Толибон ба Душанбе, аз ҷумла эъзоми нирӯҳои вижа ба се вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистонро як навъ посухи намоишӣ ба мавқеъгирии шадидан мухолифи Душанбе ба режими нави Толибон дар Афғонистон мешуморанд. Вале нозирони умур мегӯянд, ки ин таҳдидҳо ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ бештар намоишӣ ба назар мерасанд, то воқеӣ, чунки, барои мисол, “лашкари Мансурӣ”, ки Толибон он қадар воҳима кард, дар асл на “даҳҳо ҳазор нафар” ва ҳатто на “ҳазорон нафар”, балки тавре аз видеоҳои гузаштҳои низомиашон дида мешуд, ҳамагӣ чандсад нафаре беш набуда, он ҳам як қисм ҷангҷӯёни таҳти фармони Қорӣ Фасеҳуддин, як фармондеҳи Толибон аз вилояти Бадахшон ва қисми дигар ҷавонони маҳаллӣ будаанд, ки таҳти парчами Толибон ба хидмати ҳарбӣ басиҷ шудаанд. Дар ҳар сурат, ба инки гӯё Толибон “даҳҳо ҳазор” ё ҳатто “ҳазорон” маргталабро ба марзи Тоҷикистон фиристода бошад, касе чандон бовар накард.

Ҷониби Тоҷикистон, қарори маълум, аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва президент Эмомалӣ Раҳмон чандин бор гуфт, Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Ӯ гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумати он кишвар ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Тоҷикистон ҳамин тавр, ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва ба шуморе аз раҳбарони он  паноҳ дода, ахиран Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 сентябр суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро низ аз баррасии вазъи Афғонистон шурӯъ кард ва бахши аъзами суханрониашро ба ҳамин мавзӯъ бахшид. Рӯзи 27 сентябр, дар рӯзи аввали сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Бадахшон, Тоҷикистон дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз як гузашти ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор аскару афсар ва техникаҳои низомиро баргузор кард, ки нозирони умур онро як навъ посухи Душанбе ба истиқрори “Лашкари Мансурӣ” дар он сӯи марз мебинанд. Гуфтанист, тайи ду моҳи охир ин алакай чорумин сафороии нирӯҳои ҳарбӣ аст, ки дар Тоҷикистон  бо дарназардошти вазъи Афғонистон баргузор карда мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 16 июл зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз воҳидҳои сарҳадии Панҷу Ҳамадонӣ паради аввал доир гардида,  соати чори субҳи 22 июл, бори аввал дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба пешвози30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ гузашти низомӣ ё парадҳои ҳарбӣ баргузор карда шуд. Дар ин парадҳои ҳарбӣ дар маҷмӯъ 162 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, танҳо дар гузашти низомӣ дар маркази Душанбе 30 ҳазор аскару афсар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ин бузургтарин гузашти низомӣ дар пойтахти Тоҷикистон буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button