ВидеоИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

НАРХИ ОРД ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 280-290 СОМОНӢ БОЛО ХЕСТААСТ

Дар чанд рӯзи охир нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон дастикам 10 ва дар бархе ҷойҳо то ҳудуди 20 фоиз боло рафта, нархи як халтааш аз 280 то 290 сомонӣ шудааст. Дар бархе ноҳияи дурдаст, ба гуфтаи сокинон, нархи як лингаи орд (50 кило) аз 300 сомонӣ низ гузаштааст.

Тавре ҳам ки интизор мерафт, хушксолии имсола дар Қазоқистон ва кам шудани ҳосили гандум дар ин кишвари манбаи асосии таъмини орду гандуми минтақа билохира ба бозорҳои Тоҷикистон низ таъсир кард ва боиси якбора боло рафтани нархи орд дар тақрибан саросари ин кишвар шуд. Тоҷикистон солона аз Қазоқистон то як миллион тонна орду гандум ворид мекунад.

Маҳсулоти нонӣ як ғизои асосии аксари аҳолӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ба ин далел, мардум ба тағйири нархи орду гандум таваҷҷуҳи вижа нишон медиҳанд.

Дар посух ба суоли “Дар ноҳияи Шумо орд чанд сӯм шуд?”, ки корбар Mahmadjon Kamolov дар гуруҳи “Ахбори Осиёи Марказӣ” дар Фейсбук гузоштааст, дар байни ҳамагӣ чанд соат наздики 300 нафар аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон посух додаанд ва тақрибан ҳамаи посухҳо баёнгари башиддат боло рафтани нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон аст.

Аз посухҳо бармеояд, ки нархи орд дар вилояти Суғд ҳанӯз арзонтар буда, аз 265 то 270 сомонӣ дар Хуҷанд сар шуда, дар Ғафурову Мастчоҳ ва Истаравшан аз 265 то 270, дар Хистеварзу Деваштич  ва Панҷакент алакай 275 сомонӣ ва дар Ашт 280 сомониро ташкил медиҳад. “Дар Спитамен як халта орд аз 265 то 270 сомонӣ! Каппа дуд кард!”, навиштааст як корбар.

Дар Душанбе нарх аз 265 то 275 сомонист, дар Турсунзода 270, дар Ҳисору Шаҳринав аз 280 то 290, дар Ваҳдат ҳанӯз 275 ва дар Файзобод, ба гуфтаи корбарон, ҳанӯз 270 аст. Вале дар Ванҷу Рашт нархи орд алакай ба 290 ва дар Хоруғ ба 295 сомонӣ расида, бархе сокинони минтақаҳои дурдасти Вилояти Бадахшон мегӯянд, ки дар ҷои онҳо нархи халтаи орд аз 300 гузаштааст.

Дар айни замон, ба гуфтаи корбарон, нархи орд дар Рӯшон ҳанӯз 280 ва дар ҷамоати Зонг, дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Ишкошим то ҳол 275 сомонӣ истодааст.

Як сокини Роғун хабар додааст, ки “рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Роғун як халта орди якумро бо номи “Аҷоиб” 280 сомонӣ харидам.” Вале сокини ноҳияи бо Роғун ҳамсояи Нуробод гуфтааст, ки ба шунидаи ӯ, нархи орд дар ин ноҳия алакай ба 300 сомонӣ расидааст.

Нархи орд дар Сарбандж 275, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) 270 ва дар шаҳри Бохтар аз 280 то 290 сомонӣ гуфта мешавад. Дар Норак як линча ордро 280 ва дар Ҷайҳуну Ҳамадонӣ ҳанӯз 275 сомонӣ мефурӯхтаанд.

Дар бозори “Меҳргон”, ба навиштаи як сокини Душанбе, “нархи 5 кило орди “Буона”, навъи олӣ 34-35 сомонӣ шудааст, 20 рӯз пеш 28-29 сомонӣ буд.

Корбари дигар навиштааст, “ордро намедонаму нони 3 сомона 4 сомонӣ шуд.

Як корбари дигар навиштааст, ки дар ҷои онҳо орд 60 сомонист. Вақте ҳама билофосила ба ӯ дарафтоданд, ки чаро дурӯғ мегӯяд,  аз Худо битарсад, ӯ навишт, ки вайро нодуруст фаҳмидаанд, нархи халтаи даҳкилоиро дар назар дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

5 Comments

  1. дар нохияи Мир Саид Алии Хамадони нархи як копчаи орди 50 кг аз 330 сомон то 390 сомон шудаст

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button