ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР БАР АСАРИ 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ АХИР
Дар рӯзҳои ахир дар 5 садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон боз дастикам 6 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки яке яксола ва дигарӣ шашсола ба ҳалокат расидаанд.
Аз ҷумла соати чори субҳи 25 сентябр бар асари ба девори чойхонаи “Луқмаи пок” дар ноҳияи Данғара бархӯрдани як мошини “Тойота-Кемри” ронандаи 23солаи мошин ҷон дода, се мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.
Соати нӯҳи субҳи 25 сентябр бар асари бархӯрди ду “Опел Астра” дар роҳи Душанбе Кӯлоб ҳарду ронанда, ки яке 41 ва дуюмӣ 71 сол доштаанд, ба ҳалокат расида, соати сеи шаби 23 сентябр дар деҳаи Такоб бар асари ба бетони канори роҳ бархӯрдани мошини ВАЗ 21015 духтари яксолаи ронанда ҷон бохтааст.
Рӯзи 26 сентябр, соати 15 як кӯдаки шашсола дар шоҳроҳи Душанбе – Панҷи-Поён зери чархи мошини БМВ ба ҳалокат расидааст.
Ва сокини 32-солаи ноҳияи Қубодиён шаби 25 сентябр, соати 00:30, аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор як мошини “Лексус”-ро дуздидааст, вале дар дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров мошинро чаппа карда, дар натиҷа, ба ҳалокат расидааст.
Ҳарсол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистонто 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 27 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди кишвар
Рӯзи 25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Раҳмонов Далер Раҳмоналиевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори чойхонаи “Луқмаи пок”, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Раҳмонов Д.Р. ва мусофирони дохили автомашина: Шарифов Султон Қурбонович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Нуробод, ноболиғ Зайниддинов Исо Вайсиддинович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Раҳмонов Аҳлиддин Идибекович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Нуробод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Сипас Раҳмонов А.И. бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 09:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳукматуллоев Нуралӣ, соли таваллудаш 1950, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Ғоибов Шарифхон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаҳои автомашинаҳои мазкур, Ҳукматуллоев Н. ва Ғоибов Ш.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тариқ, 23-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21015”, Баҳодуров Нурмуҳаммад Хоҷаевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Такоб ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Такоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба бетони дар қисмати рости роҳ ҷойгирбуда, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, духтари хурдсолаш Нурбонуи Муҳаммад, соли таваллудаш 2020, ки дар дохили автомашина будааст, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 26-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Каримов Қурбоналӣ Бобохонович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷайҳун, дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи-Поён”, воқеъ дар километри 116-250-ум аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Тошова Ойшамоҳ Низомиддиновна, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Тошова О.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи тамғаи «Лексус»
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Қубодиён 25-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 00:30, автомашинаи тамғаи “Лексус”-ро, ки ба марди 33-солаи сокини ноҳияи зикргардида тааллуқ дорад, аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст. Дар натиҷа, гумонбаршаванда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.