ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ ЗАН ДАР ДУШАНБЕ ТЕЛЕФОНИ МАРДИ ХОНАФУРӮШРО БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААНД

Дар Душанбе се зани 26, 20 ва 33-сола ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 20 сентябр дар дафтари ширкати «Хариду фӯруши хонаҳо» аз дасти як мард телефони мобилии тамғаи «Айфон-11», арзишаш 11 ҳазор сомониро  бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Сабаби чунин рафтори ин се зан нисбат ба марди хонафурӯш гуфта нашудааст. Вале вақтҳои охир мавридҳои муштариёнро фиреб додани ширкатҳои хонафурӯшӣ зиёд шудааст.

 хххххх

Субҳи 21 сентябр, соати 9:40, бар асари ба дарахт бархӯрдани як мошини “опел” дар роҳи деҳаи Куркати ноҳияи Спитамен як мусофири ин мошин ҷон бохтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия занони 26, 20, 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, рӯзи 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, аз рӯйи мизи кории «Хариду фӯруши хонаҳо», воқеъ дар шаҳри Душанбе, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-11»-ро, ки ба марди 42-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, бо роҳи ошкоро ва тариқи зӯроварӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Садамаи нақлиёти марговар дар ноҳияи Спитамен

Рӯзи 21-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира», Алланазаров Шаҳзод Ҷурабекович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Куркати ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Алланазаров Ш.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири автомашинаи мазкур, Муъминов Элдор Деҳқонбоевич, солти таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button