ДАР ФУРУДГОҲИ САМАРА 300 КИЛО МЕВАВУ ХУШКМЕВАИ МУҲОҶИРОНРО НОБУД КАРДААНД

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Саратов ва Самара хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара танҳо аз 13 то 19 сентябр зимни тафтиши бағочи беш аз 5 ҳазор мусофир аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон аз бағочи 117 нафари онҳо дар умум 297,38 кило маҳсулоти таҳти карантин, аз ҷумла чормағз, меваҷот, хушкмева, чой, кабудӣва маҳсулоти дигарро мусодиар кардаанд. Росселхознадзор гуфт, ҳамаи ин маҳсулоти мусодирашударо таҳти назорати мутахассисонаш нобуд кардаанд.
Хадамоти матбуоти Росселхознадзор ахиран хабар дод, ки аз аввали моҳи сентябр кормандони ин идора дар фурудгоҳи Сургут ҳангоми тафтиши бағочи мусофироне, ки аз шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ба шимоли Русия меомаданд, ду мавриди бо худ ба Русия овардани маҳсулоти вайроншударо ошкор кардаанд. “Ташхисҳо нишон дод, ки дар ин маҳсулот ду навъи ҳашароти зараррасон вуҷуд доранд. Ҳамаи маҳсулоти мусодира шуда ( 100 грамм зира ва якуним кило лубиё) бо розигии соҳибонашон дар бухории фурудгоҳ оташ зада шуд”, гуфта мешуд дар иттилоия.
Фурудгоҳи Сургут, ки аз шурӯи пандемия қариб якуним сол барои парвозҳои байналмилалӣ баста буд, аз 27 август қабули мусофирон аз кишварҳои дигарро аз сар гирифт.
Росселхознадзор аз соли 2012 воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои дигарро маҳдуд кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳадафаш аз ин маҳдудиятҳо пешгирӣ аз овардани ҳашароту зараррасон ва микробҳо ба Русия тавассути меваву сабзавот ва хушкмеваҳост.