ВидеоТоҷикистон

ТОРМОЗАШ КОР НАКАРДААСТ… ВКД САБАБИ САДАМАИ МАЙХӮРА ВА НОМИ ҚУРБОНИЁНУ ЗАХМИЁНРО НАШР КАРД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  рӯзи 16 сентябр тафсилоти садамаи пурқурбонии шоми 14 сентябр дар роҳи Душанбе Хуҷандро нашр кард. Бино ба иттилои расмӣ, мошини боркаши тамғаи “Хова” таҳти идораи сокини 29солаи ноҳияи Мӯъминобод ба сабаби аз кор баромадани тормозаш якбора ба 7 мошин бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама Илҳом Яъқубов, соли таваллудаш 1986, ронандаи “Тойота Рунес” ва Гулистон Ҷӯрақулова, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Айнӣ, мусофири яке аз мошинҳо ҷон бохта, 6 мусофири дигар, аз ҷумла як кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «ХОВА», Хуршеди Қурбонмад, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чанок” аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб низоми тормози воситаи нақлиёташ аз кор баромада, ба автомошинаҳои:

  1.  тамғаи “Тойота-Рунес”, таҳти идораи Яқубов Илҳом, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб,
  2. тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Мусозода Бахтиёр, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан,
  3.  тамғаи “Опел-Зефира”, таҳти идораи Арбобов Туфайлӣ, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ,
  4. тамғаи “Мерседес-Атеко”, таҳти идораи Бобоҷонов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров,
  5.  тамғаи “Тойота-Превия”,
  6. тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Тилябов Яхшибой, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Панҷакент ва
  7. 7.      тамғаи “Опел-Астра”, бархӯрдааст.
    Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Рунес”, Яқубов И. ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Ҷӯрақулова Гулистон Ҳамроқулловна, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
    Мусофирони дигари автомашинаҳо:
  8. Холиқзода Шукрона, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент,
  9. ноболиғ Қурбонзода Дамирик, соли таваллудаш 2014, сокини шаҳри Панҷакент,
  10. Раҳимов Баҳодур, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд,
  11. Шарипов Дилшод Муҳсиддинович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Ҳисор,
  12. Бобоҷонов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд ва
  13. 6.       Негматов Ҳабибулло, соли таваллудаш 1996, сокини вилояти Суғд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
    Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button