АфғонистонВидеоСиёсатТоҷикистон

ЭЪТИРОЗИ ТОҶИКИСТОН БА СУХАНОНИ ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ҶО БАЙДЕН

14 сентябр сафири Амрико дар Душанбе Ҷон Марк Поммершаймро ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват карда, ба ӯ  оид ба суханони ахири Президенти Амрико Ҷо Байден нота ё ёддошти эътирозӣ супориданд.

Дар ёддошт омадааст, ки “ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст”, вале “чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.”

Сафорати Амрико то кунун ба ин нотаи эътирозӣ вокуниш накардааст.

Ин нахустин нотаи эътирозии Тоҷикистон ба Амрико дар 29 соли равобити дипломатии байни Душанбе ва Вошингтон мебошад.

Ёдовар мешавем, раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 11 сентябр, дар як маросими бахшида ба солгарди 20-уми ҳамлаҳои террористии соли 2001 дар як дидбонгоҳи сӯхторнишонӣ дар шаҳри Шансквили аёлати Пенсилвания аз тасмимаш барои берун кашидани нирӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон ҳимоят кард.

Хуруҷи шитобзада ва беназмонаи нирӯҳои эътилоф, ки боиси фурӯпошии ҳукумати таҳти ҳимояти онҳо дар Афғонистон ва тасарруфи он кишвар аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон шуд, мавҷи интиқодҳоро дар ҷаҳон ба бор овардааст.

Вале Байден тасмими берун кашидани нирӯҳоро дуруст хонд ва гуфт, Амрико наметавонист ба таври мудом ҳар рӯз дар Афғонистон 300 миллион доллар сарф кунад. Ӯ гуфт, 70 фоизи мардуми Амрико тарафдори берун овардани нирӯҳо буданд, вале шеваи хуруҷи нирӯҳо ба ҳама мақбул науфтод.

Қарори маълум, видеоҳои худро ба ҳавопаймоҳои нирӯҳои хориҷӣ задани ҳазорон мардуми ҷамъшуда дар фурудгоҳи Кобул ва худро ҳатто дар чарху боли ҳавопаймоҳо ҷой кардани даҳҳо нафар ва аз масофаи баланд аз ҳавопаймо ба замин афтодани чандин нафар ба вокунишҳои тунде дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ шуд.

Аммо Ҷо Байден гуфт, чунин ҳодиса метавонист дар ҳар куҷои дигар, барои мисол, дар Тоҷикистон ҳам такрор шавад.

“Бисёр душвор аст ба дигарон фаҳмондан, ки чӣ гуна метавон берун шуд? Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе муттаҳиди мо буд, савор шавад”, дар инҷо ҳам одамон  ба чархҳои ҳавопаймо овезон мешуданд”, — гуфт Байден.

Ин суханони Байден вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёре аз корбарони тоҷик муқоисаи Тоҷикистон бо вазъи Афғонистон аз ҷониби Байденро ба боди интиқод кашиданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button