ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ПЕШАКӢ ГУФТА БУДАМ… РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ХАБАРОВСК БАРОИ АЗ АВТОБУС ФАРОВАРДАНИ МУСОФИРОН УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Ронандаи автобус дар шаҳри Хабаровски Русия Далер Каримов бо нашри як видео аз мусофирон барои он, ки пеш аз намози ҷумъа аз автобус фаровардани онҳо узр пурсид. Дар видео ин муҳоҷири заҳматкаш аз Тоҷикистон дар обу арақ тар шуда, мегуфт, касеро озурданӣ набуд, балки пешакӣ ҳамаро хабардор карда буд, ки истгоҳи “Индустриалная” истгоҳи охирин аст.

“Ин иштибоҳи ман буд, ки мардумро фаровардам. Ман барои ин аз сокинони Хабаровск, аз роҳбарон ва коргарони корхонаам узр мепурсам. Аз ҳамаи мусалмонон низ узр мехоҳам”, – гуфт Далер Каримов дар ин видео.

Ин ҳодиса рӯзи ҷумъа, 10 сентябр, нисфирӯзӣ рӯй дод. Ронандаи автобус мусофиронро дар истгоҳи “Индустриалная”, ки дар наздикии масҷиди Хабаровск аст, фаровард ва гуфт, ки ӯ бояд ба намоз биравад. Яке аз мусофирон ин лаҳзаро видео гирифта, дар Интернет нашр кард.

“Комсомолская правда” менависад, ки вазъияти дугунае инҷо пеш омадааст. Аз як тараф, талаботи корхонаи мусофиркашонӣ ва аз тарафи дигар, фарзиёти динӣ.

Ҳамза Кузнетсов, намояндаи ҷунбиши мусалмонони Хабаровск “Содружество” ба “Комсомолская правда” дар ин бобат гуфтааст: “Ронанда, албатта, ҳақ набуд. Чунки ҳамту гирифтану фаровардани мусофирон мумкин нест. Вале ӯ мегӯяд, ки пешакӣ ҳамаро огоҳ карда буд, ки ин истгоҳи охирин аст ва ба ҷуз аз як зан, дигарон оромона берун шуданд. Ӯ хеле мехостааст, ки аз намози ҷумъа дер накунад. Ба фикри ман, аз кор пеш кардан ҷазои беш аз ҳад сангин аст барои ин ҳодиса.”

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, ҳоло ин қазияро пулис таҳқиқ мекунад, ки оё рафтори ронанда то куҷо қонунӣ буд?

Аксари ронандагони автобусҳои ҷамъиятиро дар Хабаровск муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна ташкил медиҳанд. Моҳи декабри соли 2019 пулиси Хабаровск дар ҷараёни як рейд даҳҳо тан аз ронандагони базаи автобусҳои ин шаҳрро боздошт кард. Субҳи дигараш даҳҳо ронанда ба кор баромада натавонист ва дар шаҳр буҳрони нақлиётӣ рӯй дод: Кӯчаҳо лаболаб аз мардуме шуд, ки ба ҷои кор, ба мактаб ё ба ҷойҳои дигар дер мекарданд, вале автобус ва ҳатто таксиву маршруткае намеёфтанд, ки онҳоро ба ҷои зарурӣ бирасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button