АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҶАНГҲОИ САХТ, ТАЛАФОТИ САНГИН ВА АҚИБНИШИНИИ ҶАНГИЁНИ ТОЛИБОН ДАР БАҒЛОН (ВИДЕО)

Дар вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон рӯзи 12 сентябр задухӯрдҳо байни нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон аз сар гирифта шуд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба манбааш дар Ҷабҳаи муқовимат хабар дод.

“Субҳи 12 сентябр дар ноҳияи Пули Ҳисори водии Андароб байни толибон ва нирӯҳои муқовимат задухӯрдҳои шадид сурат гирифт. Ҷангиёни Толибон талафоти сангин дида, маҷбур шуданд, ки аз инҷо ақибнишинӣ кунанд “, – гуфтааст ҳамсуҳбати ТАСС. Ӯ афзудааст, ки даргириҳо дар Бағлон ҳанӯз идома доранд.

Рӯзи 12 сентябр се фармондеҳи минтақаи Андароб Хайрмуҳаммади Андаробӣ, Ғании Андаробӣ ва Ромиши Андаробӣ дар як видео, ки дар Интернет нашр шуд, эълон карданд, ки ба онҳо муяссар шуд, ки се ноҳияи вилояти Бағлонро аз толибҳо пас бигиранд. Хайрмуҳаммади Андаробӣ гуфт, “ин оғози шикастҳои Толибон аст. Покистон бигзор бидонад, ки ягон кумакаш ба инҳо сӯде нахоҳад кард”.

Толибон ин хабарҳоро то ҳол шарҳ надодааст. Вале тавре ба назар мерасад, миқёс ва доманаи муқовимате, ки аз дараи Панҷшер шурӯъ гирифт, хеле фаротар аз ҳадде будааст, ки толибҳо дар оғоз гумон мекарданд.

Ҷангиёни Толибон, ки дар аввали август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахташ, шаҳри Кобулро тақрибан бидуни ҷанг тасарруф карданд, инак як моҳ боз наметавонанд нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуди шуҳратёр шикаст диҳанд.

Ҷангиёни Толибон қисматҳои водии Панҷшер, пойгоҳи асосии нирӯҳои муқовиматро тасарруф карданд, вале чирикиҳо ба дараҳои кӯҳистонӣ паноҳ бурда, акнун, тавре ҳаводиси ахир дар Бағлон нишон медиҳад, доманаи ҳамлаҳои худро батадриҷ ба соҳоти хеле фаротар аз вилояти Панҷшер густариш медиҳанд.

Ва ин ҳама дар пасманзари ба тадриҷ иваз шудани афкори байналмилалӣ дар бораи ба қудрат расидани Толибон сурат мегирад. Дар рӯзҳои аввал бисёриҳо умедвор буданд, ки Толибон бо дасти зӯраш дар Афғонистон сулҳро барқарор мекунад, вале идомаи ҷангҳо  ин умедҳоро барбод дод. Ба болои ин, рафтори толибҳо дар сари қудрат, аз ҷумла саркӯби эътирозҳои занон, даст кашидан аз ташкили ҳукумати фарогир ва такя ба султаи танҳо як қавми пашту боиси ташаккули афкори ҷамъиятии нисбат ба онҳо шадидан манфӣ шуда истодааст.

Рӯзи 12 сентябр Фаронса амалан аввалин кишвари ғарбӣ шуд, ки гуфт, режими Толибонро эътироф нахоҳад кард. Жан-Ив Ле Дриан, вазири хориҷаи Фаронса толибҳоро ба дуруғгӯӣ ва иҷро накардани тааҳҳудоташон айбдор кард. “Онҳо дурӯғгӯ будаанд”, –  бо таассуф гуфт Ле Дриан дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии France-5.

Ёдовар мешавем, қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки агар дар ҳукумати нави Афғонистон ба тоҷикҳо ва дигар ақалиятҳои қавмӣ ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, Душанбе чунин ҳукуматро дар Кобул эътироф намекунад.

Вале вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баракс гуфтааст, ки ҳама кишварҳо бо Толибон ҳамкорӣ карда истодаанд ва Маскав низ чунин мекунад. Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гутерреш низ барои ироаи кумакҳо ба мардуми Афғонистон барқарор кардани тамосҳо бо Толибонро зарур номида, гуфтааст, ки намояндагони Созмони Милал алакай чунин тамосҳоро шурӯъ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button