ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ДАР ХАБАРОВСК РОНАНДАГОНИ АВТОБУСҲО МУСОФИРОНРО ФАРОВАРДАНД, ТО НАМОЗ ХОНАНД (ВИДЕО)

Дар шаҳри Хабаровски Русия мусофиронро аз автобус фаровардаанд, то ронандагон битавонанд намози худро бихонанд. Дар ин бора дар Инстаграм сомонаи маҳаллии  khabara_ru бо нашри видеои як шоҳиди ҳодиса хабар дод.

Ин зан лаҳзаеро сабт кардааст, ки аз ӯ ва мусофирони дигар хоҳиш мекунанд, ки барои чанд дақиқа аз автобус бароянд.

Ронандаи автобус, ки мусулмон гуфта мешавад, ба мусофирон гуфтааст, ки онҳо бояд намоз хонанд:

— Чӣ гап аст? Чаро мо бояд берун бароем? — мепурсад муаллифи видео аз билетчин.

— Мо бояд намоз хонем, — ҷавоб медиҳад ӯ.

— Шумо бояд намоз хонем. Пас мо бояд чӣ кор кунем? — баҳс мекунад бо билетчин сокини Хабаровск ва вақте берун мебарояд, издиҳоми одамонро мебинад, ки аз як автобуси дигар пойинашон кардаанд.

Ин ҳодиса рӯзи ҷумъа, тақрибан нимрӯзӣ рӯй додааст. Дар видео дида мешавад, ки мусофиронро аз автобуси №5 фаровардаанд ва автобуси №10 ва боз як автобуси дигар низ мусофиронашро мефарорад.

Бино ба иттилои нашрияи kp.ru, як ронандаро барои ин кор алакай аз кор пеш кардаанд ва ҳоло тафтиш идома дошта, бар асоси натиҷаҳои он рӯзи 13 сентябр тасмим гирифта мешавад.

Аксари ронандагони автобусҳои ҷамъиятиро дар Хабаровск муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна ташкил медиҳанд. Моҳи декабри соли 2019 пулиси Хабаровск дар ҷараёни як рейд даҳҳо тан аз ронандагони базаи автобусҳои ин шаҳрро боздошт кард. Субҳи дигараш даҳҳо ронанда ба кор баромада натавонист ва дар шаҳр буҳрони нақлиётӣ рӯй дод: Кӯчаҳо лаболаб аз мардуме шуд, ки ба ҷои кор, ба мактаб ё ба ҷойҳои дигар дер мекарданд, вале автобус ва ҳатто таксиву маршруткае намеёфтанд, ки онҳоро ба ҷои зарурӣ бирасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button