АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲОҶӢ РӮҲУЛЛОҲ, БАРОДАРИ БУЗУРГИ АМРУЛЛОҲ СОЛЕҲ АЗ СӮИ ТОЛИБОН КУШТА ШУД

Манобеи зиёди наздик ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳ Солеҳ, бародари калонии Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон аз сӯи Толибон кушта шудааст.

Аммо дар мавриди чӣ гуна кушта шудани ӯ ду фарзия баён мешавад.. Сокинони Панҷшер ба хабарнигорони гуфтаанд, ки Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳ чанд рӯз пеш дар як задухӯрд бо ҷангиёни Толибон ба ҳалокат расид.

Вале бархе манобеи наздик ба Ҷабҳаи муқовимат мегӯянд, ки Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳро ҳангоми сафараш ба Кобул дар роҳ ҷангиёни Толибон шинохта, асир гирифтаанд ва ӯро азобу шиканҷаи зиёде дода, куштаанд.

Тавассути манобеи мустақил санҷидани воқеияти ин хабарҳо дар шароити имрӯзаи Панҷшер имкон надорад.

Амруллоҳ Солеҳ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ мақоми муовини аввали раисиҷумҳурро дошт. Баъди аз Афғонистон фирор кардани Ашраф Ғанӣ, Амруллоҳ Солеҳ, ки аз пойтахт, шаҳри Кобул ба зодгоҳаш, дараи Панҷшер  паноҳ бурд, худро раҳбари аввали кишвар эълон кард.  Ӯ ҳамчунин гуфт, аз Аҳмади Масъуд ба ҳайси раҳбари муқовимати зидди Толибон пуштибонӣ мекунад.

Амруллоҳ Солеҳ бори охир аз худ рӯзи 3 сентябр дарак дод ва бо нашри як видео сарусадоҳо дар бораи тарки Панҷшер карданашро рад кард. Баъди он боз хабарҳое нашр шуд, ки Амруллоҳ Солеҳ рӯзи 5 сентябр ба Душанбе омадааст, то заминаро барои музокироти байни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар пойтахти Тоҷикистон омода кунад. Сафири Афғонистон дар Душанбе Зоҳир Ағбар тасдиқ кард, ки Амруллоҳ Солеҳ Душанбе омада буд, вале ба гуфтаи сафир, ӯ алакай ба Афғонистон баргаштааст. Бо ин вуҷуд, маҳалли будубоши кунунии Амруллоҳ Солеҳ аниқ нест ва рӯшан нест, ки оё ӯ дар Панҷшер аст ё берун аз Афғонистон?

Амруллоҳи Солеҳ 48 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи дараи Панҷшер аст. Ӯ 15 октябри соли 1972 ба дунё омадаааст. Дар даврони Карзай аз соли 2004 то 2010 Амруллоҳи Солеҳ роҳбарии Раёсати амнияти Афғонистонро бар уҳда дошт ва дар давраи Ашраф Ғанӣ то расиданаш ба мақоми ноиби президент дар соли 2019 вазири корҳои дохилӣ буд.

Дар интихоботи ахири президентии Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ ғайричашмдошт аз доктор Абдуллоҳ бурида, ба тими Ашраф Ғанӣ пайваст. Баъдан маълум шуд, ки ин муомила дар ивази  тақдими курсии ноиби  президент ба Амруллоҳи Солеҳ сурат гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button