ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУНИ АФВРО ҚАБУЛ КАРД
Маҷлиси намояндагони, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр қонуни афв ба муносибати 30-солагии истиқлоли ин ҷумҳуриро қабул кард. Бино ба иттилои дарёфтӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон алакай дар давоми ҳамин рӯз қонуни афв имзо мекунад, то ки он ҳарчӣ зудтар ба иҷро дарояд ва нахустин гуруҳҳои маҳбусони авфшуда алакай то 9 сентябр, Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тавонанд ба озодӣ бароянд.
Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳи қонун дар парлумон гуфт, ки афви имсола шахсонеро, ки барои терроризм, куштор, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои зидди сохти конститутсионии кишвар ва дигар ҷиноятҳои сангин маҳкум шудаанд, фаро намегирад. Талбаказода гуфт, бар асоси қонуни афв занони маҳбус, ноболиғон, маҳбусони синнашон аз 55 боло, маъюбони се гуруҳи аввал, маҳбусони бемори давраҳои чоруми саратону сил, беморони дили марҳалаи 3 ва 4, собиқадорони ҷангҳо ва маъюбони Чернобил, маҳбусони хориҷӣ ва ҳамчунин онҳое, ки ҷоизаҳои давлатӣ доранд, озод карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон қаблан гуфт, лоиҳаи қонуни афв “тибқи маълумоти пешакӣ, нисбати 16 000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.”
Қаблан манобеи ғайрирасмӣ мегуфтанд, ки қонуни афви навбатӣ 25 ҳазор ва ҳатто 30 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт. Сомонаи “Бомдод” аввалин шуда ҳанӯз моҳи май дар бораи таҳияи қонуни афв ба муносибати 30солагии истиқлоли Тоҷикистон хабар дода буд.
Қонуни афв аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.
Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки:
аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;
нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;
ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;
ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;
ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд;
барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.
Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.
Авф нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.
Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад.