ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО ДАР ПЕТЕРБУРГ БАЪДИ 14 СОЛИ ҶУСТУҶӮ ДАСТГИР КАРДААНД

Як зани 47-сола аз Тоҷикистон, ки 14 сол боз таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия дастгир шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории маҳаллии 78.ru  як манбаъ дар мақомоти интизомии “пойтахти шимолии Русия” хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин занро, ки дар Петербург бидуни сабти ном ба сар мебурд, дар як манзил дар бинои

№ 9 дар кӯчаи Русанов дастгир карда, ба пулис овардаанд.

Бино ба маълумоти фиристодаи мақомоти Тоҷикистон, ин зан ба он айбдор мешавад, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо роҳи қаллобӣ 116 ҳазор долларро тасарруф карда, ғайб задааст. Азбаски ӯ тарки кишвар карда буд, вайро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин хабари боздошт ё истирдоди шаҳрвандони тоҷикест, ки бо иттиҳоми қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.

Додситонии кулли Беларус рӯзи 3 сентябр хабар дод, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди истирдоди М., соли таваллудаш 1978-ро қонеъ гардондааст. Ин мардро, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад,  дар фурудгоҳи Минск ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдаанд.

Парвандаи ҷиноятии ӯро ШВКД -1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пеш мебарад. Бар асоси маводи парванда, М. бо сӯиистифода боварии ҷабрдидаҳо, аз моҳи марти соли 2016 то моҳи январи соли 2019 дар Душанбе бо роҳҳои зиддиқонунӣ 49 ҳазор доллар маблағҳои пулии мардумро тасарруф кардааст.

Азбаски ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ фирор кард, таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда, нисбаташ ғоибона ҳукми ҳабс содир шуда буд. М. аз ҷониби мақомоти милитсияи нақлиёти Минск замоне дастгир карда шуд, ки мехост ба ҳавопаймои Минск – Киев савор шуда, ба Украина фирор кунад. То замони истирдодаш М. дар Минск дар ҳабс қарор дошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button