ВидеоИқтисод

ИДИ КАДУЮ АНГУР ВА ТАРБУЗУ ХАРБУЗА ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 5 сентябр дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо ташаббуси вазорати кишоварзӣ Иди кадую харбуза ва тарбузу харбуза баргузор шуд. Хабаргузории расмии “Ховар” хабар дод, ки дар ин ид вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, намояндагони ҳукумату дастгоҳи президент, шаҳрдории Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок кардаанд.

Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи мухити зисти Дастгоҳи президент Мирзодавлат Сабурзода гуфт,  мақсад аз таҷлили Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмини  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ, тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ин навъи маҳсулот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Бино ба омори вазорати кишоварзӣ, то 27 август дар Тоҷикистон 22 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуда, имсол 19 ҳазор гектар кишти полезӣ гузаронида шудааст. Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 68 573 тонна, вилояти Хатлон 361 572 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар намоиш-фурӯше, ки дар ҷараёни Ид ташкил шуда буд, кишоварзони  вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни каду, ангур, харбузаю тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора»,  навъҳои каду гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду, инчунин аз ангур  шарбат ва тарзи хушкшудаи он,  зиёда навъҳои  «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед»,  «чиллагӣ»,  «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» писанд омад ва онҳо имкон доштанд  ин намуди маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ,  айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳар шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур, ҳар якшанбеи охири август Иди каду, ҳар якшанбеи якуми моҳи сентябр Иди харбузаву тарбуз ва ҳар шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ доир мегардад. Имсол дар Душанбе иди ангуру кадую харбузаю тарбузро якҷоя карда, дар як рӯз баргузор карданд.

Имрӯз дар Боғи Ирами Душанбе бо иштироки кишоварзон Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 05.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 5 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами  шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии мамлакат ва иштироки кишоварзони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Хабарнигорони АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ ва Тоҳирҷон САИДЗОДА дар иди мазкур иштирок намуданд.   

Дар Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Намоишгоҳи мазкурро сардори Раёсати кишоварзи ва ҳифзи мухити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама,  таъмин намудани  сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ, тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

«Яке  аз  мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва  мубодилаи  таҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад. Дар мамлакат соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст»,- зикр намуд ӯ.

Зикр шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши каду, ангур, харбуза ва тарбуз ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуда, имконияти хубест барои боз ҳам беҳтар парвариш кардани чунин маҳсулоти полезӣ дар мамлакат. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар  таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.

Тавре намояндаи Вазорати кишоварзии мамлакат дар суҳбат иброз намуд, кишоварзони мамлакат  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 27 август ба миқдори 22 110 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд. Дар вилояти Хатлон то имрӯз 13 584 тонна ангур, вилояти Суғд- 2148 тонна ангур ва дар НТҶ ба миқдори 6378 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Инчунин аз ҷониби кишоварзони мамлакат то санаи зикргардида дар майдони 190 90,9 гектар кишти полезӣ гузаронида шуда, 16530 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377 гектар зиёд мебошад. Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва НТҶ ба миқдори 5873 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони  вилояти Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору  Турсунзода  навъҳои гуногуни каду, ангур, харбузаю тарбуз ва  маҳсулоти аз он  омодагардидаро  ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпучоқ», «ҷурақанд», «наботи сафед», «ширинпучоқ», «шакарпалак», «шакарпора»,  навъҳои каду гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду, инчунин аз ангур  шарбат ва тарзи хушкшудаи он,  зиёда навъҳои  «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед»,  «чиллагӣ»,  «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» писанд омад ва онҳо имкон доштанд  ин намуди маҳсулотро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд. Кишоварзон дар баробари пешниҳоди навъҳои гуногуни ангур дастурхони  бо меваи ангур  маҳсулоти аз он омодашуда  ороста,  ба тамошо гузоштанд.

Ҳамзамон дар ин рӯз гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид,  ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши каду, ангур, харбузаю тарбуз ва манфиатҳои он, инчунин аз ин намуди полезиҳо чӣ гуна омода намудани мураббо, хушку захиракунии ин маҳсулот ва фоидабахшии донаи он маслиҳату тавсияҳо медоданд. Инчунин зимни намоиши мазкур ба иштирокдорон варақаҳои тавсиявӣ тақдим мегардиданд.

Дар ин ҷо тамоми маҳсулот истеҳсоли худӣ ва маҳаллӣ буд. Симои офтобхӯрдаи марди деҳқон, тоқии шинаму зебои шарқиёна, куртаҳои аз матои пахтагӣ дӯхташудаашон то дер дар хотири кас нақш мебанданд. Дар ин ид ҳар шаҳру ноҳия маҳсулоти бо дасти худ парваришкардаашро пешкаш менамояд, гўё онҳо дар ороиши раста ва маҳсулот мусобиқа дошта бошанд, харбузаҳои ба тарзи аҷоибу гулкоринамо буридашуда, анвои   ин меваи биҳиштӣ  касро ба ваҷд меоранд. Ҳамчунин аз ҷониби бонувони тоҷик навъҳои гуногуни анвои хӯрокӣ аз маҳсулоти каду, мураббо аз тарбузу харбуз ва қандакҳои хушккардашуда пешкаш гардида буданд, ки дил аз диданашон ба ваҷд меомад.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ,  айни ҳол дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аз 4,4 то 21 фоиз қанд, 7—9 фоиз  ангиштобҳо, 1 фоиз  моддаҳои нитрогендор,  2  фоиз  равған, оҳар, сафеда ва то 30 мг фоиз витамини С дорад.

Маҳсулоти полезии каду беш аз 5000 сол пеш  аз ҷониби инсоният омӯхта шуда, ба шарофати мазза ва хусусиятҳои ғизонокиаш то имрӯз чун маҳсулоти дӯстдоштаи мардум боқӣ мондааст.

Бинобар тавсияҳои Абуалӣ Ибни Сино,  як кадуро ба се қисм ҷудо карда, бемориҳои гуногунро бо он метавон шифо бахшид.

Табибон тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз хилтҳои гуногун мешуморанд. Тарбуз аз магний бой аст. Норасоии магний дар организм сабаби баланд шудани фишори хун мегардад. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро мӯътадил нигоҳ медорад.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили Иди харбуза, тарбуз, ангур ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Қобили зикр аст, ки иду ҷашнвора ва  фестивалҳои ангур ҳар сол дар бисёр кишварҳои олам, мисли ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Олмон, Изроил, Кипр,  Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия  ва ғайра доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур, якшанбеи охири август Иди каду, якшанбеи якуми моҳи сентябр Иди харбузаву тарбуз ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ доир мегардад.

Дар ҷамъбасти намоиш ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ  ва иштирокдорон  ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button