ВидеоМуҳоҷирон

МУСОДИРАИ 158 КИЛО НОС АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК ДАР БОҶХОНАҲОИ КАЛИНИНГРАД (АКС)

Кормандони боҷхона ё гумруки вилояти Калинингради Русия тайи се моҳи июн, июл ва августи соли ҷорӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз тарафи фурудгоҳи Калининград вориди ин минтақаи ҷазирақаламрави воқеъ дар соҳили баҳри Балтик дар ғарби Русия мешуданд, беш аз 158 кило носро мусодира кардаанд. Дар ин робита нисбат ба 153 нафар бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии ин навъи тамоку парвандаҳои маъмурӣ тартиб додаанд. 

Хадамоти матбуоти гумруки Калининград мегӯяд,  “шаҳрвандони Тоҷикистон пайваста қоидаҳои гумрукиро вайрон карда, кӯшиш мекунанд, ки дар ҷомадон ё бағочи дастиашон ин тамокуи бӯяш махсусро гузаронанд. Онҳо носро ҳам халтаҳои селофанӣ ва ҳам дар шиша ҷой мекунанд. Вале кормандони гумруки фурудгоҳи Калининградбо кумаки мутахассисони кинолог ва сагҳои бӯгир доимо ин маҳсулотро пайдо ва мусодира мекунанд.”

Ба “қочоқбарони нос” бар асоси моддаи 16.2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия ҷарима таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин аз носи худ маҳрум мешаванд, чунки тибқи қонун, маводи мусодирашуда бояд ҳамчун моли қочоқӣ нобуд карда шавад.

Гумруки Калининград мегӯяд, истеъмоли нос шахсро нафақат муътоди никотин мекунад, балки аз лиҳози равонӣ низ муътод карда, сабабгори бемориҳои сангини даҳону гулӯ мешавад.

Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст. Зоҳиран баъди дидани ин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави ЕАЭС манъ аст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки кормандони гумруки ду фурудгоҳи Астрахан ва Волгоград дар ду моҳи май ва июн аз мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, беш аз 117 кило нос пайдо ва мусодира кардаанд.   Гумруки минтақаи Олтой ҳисобот дод, ки аз аввали соли 2021 кормандони гумрук дар фурудгоҳи шаҳри Барнаули Русия 64 кило носро мусодира кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button