ВидеоҲодиса

ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ҲУСЕЙН АМИНОВ – ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИН ТАБИБОНИ ТОҶИК

Аминов Ҳусейн Ҷумъаевич, доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи №1 бемориҳои кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино рӯзи 2 сентябр аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук Михаил Петрушков хабар дод. Дар бораи иллати марги профессор Аминов чизе гуфта нашудааст.

Профессор Аминов яке аз беҳтарин табибони тоҷик дар соҳаи табобати бемориҳои кӯдакон ба шумор мерафт. Ӯ ҳанӯз соли 199 сазовори унвони профессор шуда буд.

Михаил Петрушков менависад: «Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар даврони устодони Юсуфхон Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов Хазинаи Шахсиятҳои Бузург, Абармардон ва Намояндагони мактаби қадимаи шуҳратёр ба шумор мерафт. Ва акаи Ҳусейн яке аз ин хайли шуҳратёр буд.”

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мутаассифона, ҳоло он обрӯю эътибори қаблиашро аз даст дода, бештар ҳамчун як мактаби олии олуда ба фасод ном баровардааст. Донишҷӯёни ин донишгоҳ ва волидони онҳо шикоят мекунанд, ки хароҷоти таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ ҳамроҳ бо пуле, ки ҳамчун пора барои гирифтани имтиҳонҳо медиҳанд, аз нархи таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ низ бештар шудааст.

Михаил Петрушков

Ушёл из жизни один из лучших Медиков Таджикистана

Замечательный Муалим, Устод, Человек с Большой буквы и Настоящий Мужик

д.м.н, профессор АМИНОВ ХУСЕЙН ДЖУМАЕВИЧ.

Каждый, кто имел возможность учиться, общаться, дружить с этим удивительным и замечательным Человеком – может считать себя счастливым.

Постоянная улыбка, внутренняя красота, неуёмная энергия, благодушие, добросердечность вкупе с огромным уважением к каждому студенту, молодому врачу, опытному коллеге и к пациентам – останутся навсегда в памяти тех, с кем свела Хусейна Джумаевича судьба.

Таджикский мединститут/медуниверситет эпохи Устодов Исхаки и Гулямова был Сокровищницей Великих Людей, Исполинов, Представителей “старой легендарной школы”.

И аки Хусейн был одним из этой былинной когорты.

Пусть земля будет Вам пухом, Муалим. Царствия Небесного.

Светлая память о Вас навсегда в наших умах, сердцах, душах…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button