ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ЕКАТЕРИНА ЛЮБОМСКАЯ: АСЛИ КОР ЧУНИН НЕСТ. ВОЛОЧКОВА АЗ КОРГАРОНИ ТОҶИКАШ БАРОИ ХУД СИПАР СОХТААСТ

Чунин ба назар мерасад, ки оилаи муҳоҷирони тоҷик Рустаму Лола бо се фарзандашон дар ҷанҷоли байни ду ситораи рус дар байни обу оташ мондаанд.

Екатерина Любомская, овозхони собиқи гуруҳи “Стрелки” ва роҳбари ҷамъияти моликони шаҳраки коттеҷҳои Новахово дар вилояти Маскав дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” иддаои ситораи балети Русия Анастасия Волочковаро рад кард ва гуфт, ҳеҷ бадбинии нисбат ба халқҳои дигар, аз ҷумла ба тоҷикҳо надорад. Волочкова як рӯз қабл Любомскаяро ба миллатгароӣ айбдор кард ва гуфт, ки ӯ кӯдакони як оилаи муҳоҷирони тоҷикро аз майдончаи кӯдакони шаҳрак пеш кардааст.

Любомская дар мусоҳиба бо “Бомдод” дар ин робита гуфт:  “Айбҳои ба ман часпондаи Анастасияро шунидам. Дар ин робита мо ба додгоҳ даъво мебарем, чкнки ончи ки ӯ иддао мекунад, ягон асос надорад. Дар асл Анастасия аз манфиатҳои як ширкати рақиби мо ҳимоят мекунад ва ғаразҳои худро дорад. Ва азбаски ман раҳбари ҷамъияти моликонам ва ба болои ин одами маъруфам, борони ҳамаи ончӣ, ки аз забони Волочкова берун меояд, ба сари ман фурӯ рехт. Ман одамонро ҳеҷ гоҳ аз рӯи нажод ё миллат ҷудо намекунам. Инро метавонад ҳамкори ман дар раёсати ин шаҳраки коттеҷҳо Ҷовид тасдиқ кунад. Ӯ ҳам аз Тоҷикистон аст ва хеле инсони поквиҷдон мебошад, ки ман хеле хуб ба қадраш мерасам. Ман инсонҳоро бар асоси чунин меъёрҳо, ба мисли поквиҷдонӣ ҷудо мекунам, на аз рӯи миллат. Миллатгароӣ барои ман як ҳисси бегона аст, ман ба чунин падида назари манфӣ дорам.”

Овозхони собиқи гуруҳи “Стрелки” дар мавриди ҷанҷоли пешомада дар майдончаи кӯдакон низ гуфт, ки Волочкова он ҳодисаро бо рангҳои комилан дигар тасвир кардааст: “Майдончаи кӯдакони мо дар ҳақиқат хеле хурд аст, ягон 3 ба 3 метр шояд бошад. Албатта,  ҳамаи кӯдакони шаҳрак дар онҷо ҷо намешаванд. Ман дар ин бора ҳатто ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардам, ки майдонча танг асту кӯдакон хеле зиёд ва барои майдончаи кӯдакон ба мо ягон замини калонтар ҷудо кунед. Мутаассифона, ман вобастаи салоҳиятҳоям ҳастам. Ба ман ҳамсояҳо шикоят карда, хостанд, ки чора андешам. Вале ман кӯдакони тоҷикро аз майдонча нарондаам. Ман ба назди онҳо ҳатто нарафта будам. Охир, ба кӯдакон чӣ хел мефаҳмонед, ки онҳо ҳаққи дар ин майдонча бозӣ кардан надоранд? Ман ба пеши марде рафтам, ки кӯдаконро ҳамроҳӣ мекард. Кӯшиш кардам, ба ӯ фаҳмонам, ки ҳамсояҳо шикоят доранд, вале ӯ чунон бо лаҳни тунд ҷавобам дод, ки забонам гирифт. Мо дар ин бобат бо худи Анастасия низ чанд дафъа суҳбат кардем ва ӯро ба ёфтани ягон роҳи ҳалл даъват кардем. Вале ӯ намехоҳад фаҳмидан, ки ин шаҳрак қоидаҳои худашро дорад ва ин қоидаҳо бояд риоя шаванд.  Ба ҷои ин, ӯ аз коргарони тоҷикаш барои худ сипар сохтааст. Ҳол онки шароите, ки Рустаму Лола дар хонаи Анастасия доранд, чандон идеалие нест, ки ӯ тасвир мекунад. Онҳо дар қабати дуюми болои гараж зиндагӣ мекунанд. Худи Анастасия дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки русҳоро барои он ба кор намегирад, ки аз 8 соат зиёдтар кор намекунанд, вале тоҷикҳо омодаанд, ки ҳатто соати сеи шаб барои ӯ қалён тайёр кунанд. Ин бошад поймол кардани кодекси меҳнат аст.”

Любомская бар ин аст,  Волочкова бо баёнияҳояш ба обрӯву эътибори ӯ ҳамчун овозхон зарба задааст: “Мо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон низ зиёд консерт медиҳем. Ва ин ҷанҷол ба обрӯи ман зарба мезанад. Ин як далели дигар аст, ки мо мехоҳем Анастасияро ба додгоҳ диҳем.”

Ёдовар мешавем, Ҳунарманди шоистаи Русия, ситораи балет Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм аз авҷ гирифтани миллатгароӣ дар шаҳраки Новаховои вилояти Маскав, ки ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад, шикоят кард. Волочкова дар як видеои 9-дақиқагӣ аз як оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки дар коттеҷи ӯ дар Новахово зиндагӣ мекунанд, пуштибонӣ кард.

Анастасия Волочкова гуфт, ин оиларо дар хонаи худ ҷо додааст ва онҳо дар як хоначаи алоҳида дар ҳавлии коттеҷи ӯ зиндагӣ мекунанд. Ин оила дар хонаи Волочкова соҳиби се фарзанд шуд вва баъди Лола ду хоҳари ӯ низ аз Тоҷикистон ба Новахово омаданд ва инҷо як оилаи калони тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

Вале дар ҳудуди шаҳраки Новахово ин оилаи тоҷикҳо дучори табъиз шудааст, чунки раҳбари шаҳрак овозхони собиқи гуруҳи як замони машҳури “Стрелки” Екатерина Любомская, ба гуфтаи Волочкова, аз он норозӣ аст, ки ин оилаи тоҷикҳо идҳои миллии худро бо шодиву шӯр ва садои баланд таҷлил мекунад ва болои ин, кӯдаконаш дар майдончаи кӯдакони Новахово ҳамроҳи кӯдакони сокинони дигари ин шаҳрак бозӣ мекунанд.

 «Ин духтаракҳо якеаш 5 ва дуюмиаш 3,5 сол доранд ва дар майдонча бо ҳавас бозӣ доштанд. Вале ӯ гуфтааст: “Фарзандони кормандон ҳаққи дар ин ҷо бозӣ кардан надоранд.” Ин миллатгароӣ аст!”, – бо як лаҳни пур аз эҳсосот изҳор дошт Волочкова.

Оилаи муҳоҷирони тоҷик ба Волочкова дар корҳои хоҷагӣ  ба ҳайси фаррош, боғбон ва ошпаз ба Волочкова ёрдам  мекунанд. Вале раққосаи балети рус гуфт, ки ин оиларо на корманд, балки узви оилаи худ мешуморад.

Онҳо корманд не, узви оилаи мананд. Чӣ фарқ дорад, ки аз кадом миллатанд? Аз рӯи миллат ҷудо кардани кӯдакони дар замони мо як кирдори хеле паст аст”, — изҳор дошт Волочкова.

 “Азизони ман, мехоҳам аз Шумо бипурсам. Наход дар хонаи худ роҳ додани оилае аз Тоҷикистон, Озарбойҷон ё Ӯзбекистон кори нангин бошад? Фарқ надорад, кӣ аз куҷост? Ҳамаи мо инсонем. Дар як замин ба сар мебарем, аз як ҳаво нафас мекашем. Ва кӯдакони мо низ ҳаққи баробар доранд. Чӣ гуна тавонистанд, ки ин фариштаҳои кӯчакро аз майдончаи кӯдакон пеш кунанд?”— навиштааст Волочкова дар зери видеои худ дар Инстаграм.

 “Бале, ман ин оиларо дар хонаам ҷой додам. Дар идҳои миллиашон ман ҳам иштирок мекунам. Чунки онҳо барои ман корманд не, узви оилаи мананд! Ва ҷудо кардани одамон аз рӯи миллат як кирдори нанговар аст! – чандин бор дар видеояш такрор кардааст Волочкова.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button