Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК СИЛСИЛАДУЗДИ НАВРАС ДАР ПОЙТАХТ

Як ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила дуздиҳо дастгир шудаст. Бино ба иттилои ВКД, ин наврас дар се моҳи охир аз дастикам ду мағоза, аз меҳмонзонаи “Ватан” ва аз манзили як сокини пойтахт молу пули гуногун, аз ҷумла 3 телефони мобил, як “Скутер”, як “Гераскутер”, 2 дучарха, либосҳои мардона, 8 қуттӣ атр ба маблағи 23 500 сомонӣ  ва ҳамчунин 2500 сомонӣ пули нақдро ба яғмо бурдааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт даромада, аз он ҷо либосҳои мардона ва 8-адад атриётро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда шаби 25 ба 26-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, номбурда охирҳои моҳи майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковский даромада, аз он ҷо 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 3-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда шаби 25 ба 26-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба меҳмонхонаи “Ватан”, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода даромада, аз он ҷо 1-адад “Гераскутер” ва 2-адад дучархаи варзиширо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button