Муҳоҷирон

ҶУСТУҶӮИ ЯК МАРДИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ГУМОНИ ДАСТДАРОЗӢ БА НОМУСИ ЯК ДУХТАРИ ТОҶИКИ 13-СОЛА

Чанд пойгоҳи хабарии шаҳри Санкт-Петербурги Русия,  аз ҷумла «Мойка78», «Фонтанка», «Питер.ТВ», хабар доданд, ки пулиси Петербарг як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро бо гумони дастдарозӣ ба номуси як кӯдаки хурдсоли соли таваллудаш 2008 ҷустуҷӯ мекунад. Духтари ҷабрдида низ аз Тоҷикистон будааст.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 25 август, соати 15:45 ба пулиси ноҳияи  Марказии шаҳри Петербург як зани 36-сола аз Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ин зан, ки дар Петербург кор намекунад ва сабти ном ҳам надорад ва дар кӯчаи 8-я Советская зиндагӣ мекардааст, ба кормандони пулис хабар дод, ки як ҳамшаҳриаш аз моҳи апрел, дар тӯли 5 моҳ дар ду хонае, ки онҳо иҷора менишастанд, ба номуси духтари 13-солаи ӯ дастдарозӣ кардааст.

Ба гуфтаи зан, ин бадрафторӣ нисбат ба духтари вай аз ҷониби як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки низ дар ягон ҷо кор намекунад ва дар Петербург сабти ном надорад, дар як манзил дар кӯчаи Моховая ва дар як манзили дигар дар кӯчаи Пестел сурат гирифтааст.

Зан аломатҳои зоҳирии гумонбаршавандаро ба пулис хабар додааст ва ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Дар вақтҳои охир аз Русия дар бораи ба дастдарозӣ нисбат ба кӯдакони хурдсол айбдор шудани муҳоҷирон аз Тоҷикистон чандин гузориш ба даст расид. Қаблан дар чанд маврид маълум шуд, ки ҳамсарони ин муҳоҷирон ба ягон далел аз марди ҳамзисти худ ранҷида, барои интиқом ӯро чунин туҳмат задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ана окибатхои мубориза зидди диниислом ,бо амалхои нанговар аз русхо мондани надорем!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button