Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ШАРТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТОЛИБОН: ТОҶИКҲО ДАР ҲУКУМАТИ АФҒОНИСТОН БОЯД ҶОЙГОҲИ ШОИСТА ДОШТА БОШАНД!

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август дар Қасри Миллат дар мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Махдум Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷониби Тоҷикистон хостори таъсиси як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ ва  пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон дар он кишвари ҳамсоя буда, мехҳад, ки сохтори давлатӣ дар Афғонистон бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

“Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Покистонро кишвари асосии пуштибони Толибон мешуморанд. Зоҳиран ҳадафи асосии сафари Қурайшӣ ба Душанбе низ талоши ба даст овардани эътирофи ҳукумати Толибон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя, бахусус Тоҷикистон аст, чунки яке аз қавмҳои асосии мухолифи режими нави Толибон дар Афғонистон тоҷикҳои муқими он кишваранд, ки ҳоло дар вилояти тоҷикнишини Панҷшер ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди ҷавони Аҳмадшоҳи Масъуд, ҷабҳаи муқовимат ба зидди Толибон ташкил додаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 25 август дар Қасри миллат  Эмомалӣ Раҳмон  бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ маҷмуъи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд,  аз ҷумла рафти омодагӣ ба сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хонро ба Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ба таъкиди ҷониби Тоҷикистон, имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад ва Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор гирифтааст.

“Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст.Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст.Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Қурайшӣ.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекард ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард. Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, – гуфта мешавад дар гузориши хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад. Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мехоҳад, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button