Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҶАВОН ДАР ШУҒНОН ҒАРҚ ШУД, ҶАВОНИ ДИГАР – ДАР САНГВОР

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 августи КҲФ Тоҷикистон

Дастаи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ВМКБ субҳи  22 август, соати 09:40 аз соҳили дарёи Панҷ, дар қаламрави деҳаи Барчиди ҷамоати  Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷасади як ҷавони 17-соларо пайдо карда, ба хешовандонаш супурд. Ин ҷавон сокини шаҳраки Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ буд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Ғунд ғарқ шуда буд.        

****     *****    *****

Ҳамзамон аз пайдо шудани як ҷасади ғарқшудаи дигар дар ноҳияи Сангвор хабар дода мешавад. Рӯзи 22-уми августи соли равон тахминан соати 16:20 дақиқа як ҷавони 29-сола, сокини деҳаи Тиговуни ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг вақти оббозӣ дар дарёи Хингов ғарқ шудааст.

Ҷасади  ин ҷавонро сокинони деҳаи Чуроғ 8 километр пойинтар аз ҷойи ҳодиса, аз наздикии деҳаи Хондараи ҷамоати Чилдара пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. 

****     *****    *****

Шаби 21-уми августи соли равон як сокини кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе  ба  навбатдори фаврии  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву фарзанди ноболиғаш дар дохили хона танҳо мондааст.

Кормандони наҷоти Раёсат баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарро боз кардаву духтари ноболиғро саломат ба модараш супурданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button