Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ СОКИНИ ҚУБОДИЁН ДАР ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ТАХТИ САНГИН

Рӯзи 20-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ғаниев Ғаниҷон Ғафурович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадааст ва дар натиҷа, мошини ӯ ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Ғаниев Ғ.Ғ ва мусофираш Аскаров Анвар Толпиолиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигар Ортиқов Нодир Раҳимович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати мазкур ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон бохтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокати расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button