Илму фанноварӣТоҷикистонФарҳанг

ТАҚДИМИ МУКОФОТУ ҶОИЗАҲОИ ДАВЛАТӢ БА 120 НАФАР (142 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 август дар Қасри миллат ба 120 нафар ба муносибати 30солагии истиқлоли кишвар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ супурд.

Аз ҷумла барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамчунин, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардиданд.

18 марти соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимон бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод карда буд, ки ҳукумат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.

Рӯзи 18 август ин ҷоизаҳо бори аввал ба  15омӯзгори беҳтарин  тақдим шуд.

Ҳамин тавр, аввалин шуда бо ин мукофоти давлатӣ омӯзгори фанни химияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин,

 омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ Ачилов Ҳусейн,

профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бандаев Сироҷиддин,

омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷӯрабой,

омӯзгори фанни химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек,

профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширахон,

омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рӯзиева Фароғат,

 омӯзгори фанни химияи литсейи интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Ҳушанг,

 омӯзгори фанни химияи литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Тошов Қобил,

мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Холбегов Мирзоҳамдам,

 мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед,

омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Роштқалъа Ҷонмирзоев Эраҷ,

мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад,

омӯзгори фанни математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи милии Тоҷикистон Шарифов Асадулло,

муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшо барандагони ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  18.08.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button