Номаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ХУШХАБАР! ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЛОИҲАИ АФВИ 25 ҲАЗОР НАФАРРО ИМЗО КАРДААСТ

Як манбаи огоҳи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 август ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси раиси ҳукумат лоиҳаи қонун дар бораи авфи саросарӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли ин ҷумҳуриро имзо кардааст.

Ин лоиҳаи қонун акнун барои муҳокима ва қабул ба парлумон фиристода шудааст ва баъдан барои тасвиб ва имзои ниҳоӣ ба дасти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар хоҳад гашт.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, “президент лоиҳаро имзо карданд, танҳо дастур бар ин шудаст, ки раҳоии зиндониён дар ду бахш сурат гирад: қисме дар то ҷашни истиқлол ва қисми дигар баъди ҷашн.”

Ӯ афзуд, ки дар дохили зиндонҳо алакай маъракаи рӯйхатгирии маҳбусоне, ки мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ мебароянд, қисман ба анҷом расидааст.

Хабари омодагӣ ба эълони “афви тиллоӣ” дар остонаи солгарди сиюми истиқлоли Тоҷикистонро аввалин шуда, ҳанӯз моҳи май пойгоҳи хабарии “Бомдод” нашр карда буд.

Ин алакай афви 18-ум дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, 17 афви қаблӣ, ба гуфтаи мақомот, 270 ҳазор нафарро дар бар гирифта буд.

Интизор меравад, ин қонуни афв яке аз бузургтарин  афвҳо дар таърихи Тоҷикистон шуда, 25 ҳазорр нафарро дар бар бигирад: ҳам онҳоеро, ки дар зиндон қарор доранд, ҳам онҳоеро, ки парвандаҳояшон ҳанӯз дар дасти тафтишот ё дар додгоҳ қарор дорад, ва ҳам онҳоеро, ки шартан ё ба маҳбаси сукунатӣ ваё ба шаклҳои дигари ҷазо маҳкум шудаанд.

“Нафароне, ки барои фаъолиятҳои динӣ маҳкум шудаанд,  вале ба муҳлати камтар, барои мисол 3 то 5 сол, бар асоси ин қонуни афв ба озодӣ мебароянд. Яъне аз тақрибан 130 нафаре, ки дар парвандаи “ихвониҳо” маҳкум шуданд, қисми зиёди онҳо афв ва озод мешаванд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Вале дар мавриди эҳтимоли афв ва озод шудани маҳбусони сиёсии машҳур ӯ бидуни тафсилоти зиёд гуфт, “дар ин масъала баҳсҳое ҳаст, аммо дар бораи онҳое, ки  озод шуданашон барои омадани бачаи падар (манзур Рустами Эмомалӣ – “Бомдод”) муфид бошад.”

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигари “Бомдод” гуфт, ба 80% эҳтимолият, дар ин афв Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон ва раиси собиқи ширкати “Тоҷикгаз” низ бояд озод шавад. Искандаров, ки соли 2004 ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, алакай 17 сол боз дар пушти панҷара қарор дорад ва бо назардошти як авфи қаблӣ, ки Искандаров низ шомилаш шуд, аз ҳукми ӯ муддати хеле каме боқӣ мондааст.

Қаблан иттилое расида буд, ки шояд бо истифода аз ин афв бисёре аз мухолифини зиндониро озод кунанд ва  ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамин аз як мояи танқидҳои пайвастаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ки Душанберо ба саркӯби дигарандешон айбдор мекунанд, худро халос кунад.

Вале наздиконе бисёре аз чеҳраҳои саршинос, ки бо иттиҳомоти сиёсӣ маҳкум ба зиндон шудаанд, мегӯянд, то кунун аз эҳтимоли афви онҳо хабаре ба даст наовардаанд.

Роҳбарони мухолифин дар хориҷ низ мегӯянд, ҳеҷ пешниҳоде барои афв ба онҳо нарасидааст.

Вале бархе фаъолон ба “Бомдод” гуфтанд, ки ба онҳо чунин пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла Абдураҳмон 09, як блогери тоҷики муқими Олмон, ки бо видеоҳояш дар мавзӯи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон ном баровардааст, дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, ки модари ӯро рӯзи 12 август бо ҳамин мақсад ба шуъбачаи УБОП дар шаҳри Ваҳдат даъват кардаанд: “Ба модарам гуфтаанд, ки Ҷаноби олӣ ҳамаро афв мекунад, аз ҷумла писари шуморо ҳам. Аз ин фурсат истифода барад ва ба Ватан баргардад. Мо парвандаашро мебандем ва афв мешавад. Модари маро ду сол пеш барои видеоҳои ман аз кор дар бемористони Ваҳдат ронда буданд. Ба ӯ ҳам ваъда додаанд, ки агар писарат баргардад, дар ҷои кор барқарораш мекунанд.”

Қаблан Исломиддин Саидов, як фаъоли дигари тоҷик, ки низ дар Аврупо ба сар мебарад, хабар дод, ки бо пешниҳоди афв ба хешовандони ӯ низ муроҷиат кардаанд.

Абдурахмон09

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button