Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 4 СОКИНИ НОҲИЯИ ҶОМӢ ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 17 август дар ду садамаи марговар дар кишвар 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз ҳамаи садамаи пурқурбонӣ соати 13:00 дар километри 90-уми шоҳроҳи Душанбе-Панҷи-Поён рух додааст. Дар инҷо бар асари ба трактор бархӯрдани як мошини “Тойота Королла”, ронандаи сабукрав,  бародари 26солаи ӯ ва ду духтари яке 22 ва дуюми 11сола ба ҳалокат расида,  бародари дигари ронанда ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

 Ҳамин тавр, соати ҳафти субҳи 17 август дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе як дучархарон зери чархи “Мерседес” монда, дар роҳ ба бемористон ҷон бохтааст.

17-уми августи соли 2021, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Зурбеков Дӯстмурод Муминҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар 90-километри шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-Поён” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба трактори тамғаи “Мехлопата”, ки ба Тағоев Сироҷиддин Мансурович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, тааллуқ дорад, бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Королла”, Зурбеков Д.М., бародараш Зурбеков Бахтовар Муминҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ ва мусофирони дохили автомашина Мирзоева Малоҳат Маҳмадаюбовна, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ноболиғ Мирзоева Бибираҳима Раҷабалиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Зурбеков Бахшалӣ Муминҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин,  17-уми августи соли 2021, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Рақибов Беҳрузҷон Шарифбекович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ш.Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе аз тарафи ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматӣ, дучархарон Раҷабов Соҳиб Тошмуродович, соли таваллудаш 1985, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Раҷабов С.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button