КоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

ГЕНЕРАЛ АҒБАР: АШРАФ ҒАНӢ БО 169 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛИ НАҚД ФИРОР КАРД

Генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, рӯзи 18 август дар як нишасти хабарӣ фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобулро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва гуфт, ки раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Афғонистон ва ҳамроҳонаш ҳангоми фирор 169 миллион доллар пули нақдро низ бо худ ба яғмо бурдаанд. Ағбар Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси раҳбари нави Афғонистон эътироф кард. Солеҳ як рӯз қабл эълон кард, ки тибқи Қонуни асосӣ, ба унвони муовини аввали раисиҷумҳур сарпарастии ин мақомро ба дӯш мегирад.

Ашраф Ғании 72-сола, ки аз соли 2014 раҳбарии Афғонистонро дар даст дошт, рӯзи 15 август, баъди онки ҷангиёни Толибон дар байни ҳамагӣ 10 рӯз ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвар ва марказҳои маъмурии 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистонро ишғол ва пойтахт, шаҳри Кобулро муҳосира карданд,  бошитоб аз кишвар кард. Ҳамроҳи ӯ як гуруҳи аъзои калидии ҳукуматаш, аз ҷумла раиси Бонки миллӣ, ки масъулияти хазинаи Афғонистон низ дар дасташ буд, фирор карданд.

Сафири Афғонистон дар Душанбе нахустин нафаре нест, ки Ашраф Ғаниро ба бурдани маблағҳои бузург ҳангоми фирораш аз кишвар айбдор мекунад.

Қаблан дар сафорати Русия дар Кобул ба хабаргузории РИА Новости гуфта буданд, ки президенти ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 август бо мошинҳои пур аз пул тарки кишвар кард ва ӯ бо худ он қадар пули зиёд гирифта буд, ки ҳамааш дар ҳавопаймо нагунҷид.

“Чӣ гуна суқут кардани режимро бо ҳама рангаш бештар аз ҳар чизи дигар ин ҳодиса хуб тасвир мекунад: 4 мошини пур аз пулро ба ҳавопаймо бор карданд. Як қисми дигари пулҳоро ба чархбол бор карданд, вале ҳамааш нагунҷид. Як қисми пулҳо дар майдони ҳавоӣ монд “, – нақл кардааст сухангӯи сафорати Русия дар Кобул Никита Ишенко.

Баъди фирораш аз кишвар Ғанӣ гуфт, ки гӯё на аз тарс, балки барои пешгирӣ аз хунрезии бештар тарки Афғонистон кардааст. Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, Ашраф Ғанӣ ҳоло дар Уммон, яке аз кишварҳои арабии халиҷи Форс қарор дорад.

Қаблан гуфта мешуд, ки Ашраф Ғанӣ аз тариқи Тоҷикистон ё Ӯзбекистон фирор кардааст, вале ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Тошканд инро рад карданд.

Ба фарқ аз Ашраф Ғанӣ, муовини аввали ӯ Амруллоҳ Солеҳ  изҳор дошт, ки тарки кишвар намекунад ва ба муқовимат алайҳи Толибон ҳамчунон давом хоҳад дод.Ӯ шоми 17 август худро президенти ин кишвар эълон кард ва гуфт, бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати фирори раисиҷумҳур салоҳиятҳои ӯ ба ноиби аввалаш дода мешаванд.

Амруллоҳ Солеҳ дар як паёми кӯтоҳ дар Твиттер навишт: “Ба асоси ҳукми сареҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон, дар сурати ғиёбат, фирор ваё марги раисиҷумҳур, муовини аввал ба шайси сарпарасти мақом раисиҷумҳур қарор мегирад. Ман дар дохили кишвар астам ва ба сурати қонунӣ ва машрӯъ сарпарсти ин мақом/курсӣ мебошам. Барои таҳкими ин ҷойгоҳ бо тамоми раҳбарони кишвар дар машварат астам.”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Амруллоҳ Солеҳ дар зодгоҳаш, дараи Панҷшер, паноҳ бурдааст. Ахиран аксе нашр шуд, ки Амруллоҳ Солеҳро дар канори фармондеҳони дигар дар хонаи Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд дар Панҷшер нишон медиҳад.

Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ҳеҷ кадом аз 7 вулусволиаш ба Толибон таслим нашудаастю. Тавре ба назар мерасад, маҳз дар Панҷшер, ки солҳои 90 пойгоҳи асосии Аҳмадшоҳи Масъуд барои муқовимат ба зидди Толибон буд, акнун таҳти раҳбарии писари ӯ Аҳмади Масъуд як ҷабҳаи нави муқовимат ба зидди Толибон дар ҳоли шаклгирист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button