ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ОҒОЗИ ДЕПОРТАТСИЯИ ОММАВИИ МУҲОҶИРОН АЗ МАСКАВ. ИХРОҶИ 26 НАФАРИ АВВАЛ БА ҚИРҒИЗИСТОН

Ихроҷи оммавии муҳоҷирон  аз Маскав барои иштирокашон дар занозании гуруҳии шаби 12 июл дар назди исттгоҳи метрои “Кузминки” оғоз ёфт. Шабакаи телевизионии “Россия 24” хабар дод, ки шоми 13 август гуруҳи нахустини иборат аз 26 нафарро тавассути фурудгоҳи Домодедово ба Қирғизистон депортатсия карданд.

Сардори раёсати иттилоот ва равобит бо ҷомеаи пулиси Маскав Владимир Васенин гуфт, ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшуда барои 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия низ маҳрум карда шуданд.

Қаблан расонаҳои Русия навиштанд, ки мақомоти Маскав ҳамаи 103 нафари дар пайи занозанӣ дар Кузминки дастгиршударо депортатся карда, барои 40 сол “запрет” хоҳанд зад.

Ёдовар мешавем, шаби 12 июл дар “Кузминки” байни зодагони Қирғизистон ва Тоҷикистон занозании гуруҳӣ рӯй дод. Пулис 103 нафарро, ки беш аз 70 нафараш зодагони Қирғизистон буданд, бо гумони иштирок дар ин занозанӣ астгир кард.

Гуфта мешуд, ки пулис тасодуфан аз қабл дар бораи омодагӣ ба занозанӣ дар “Кузминки” хабар ёфта буд. Ташкилкунандагони “разбор” аз ҷониби қирғизҳо иштибоҳан ба чати худ рақами як сокини Маскавро илова кардаанд ва ӯ аз омодагӣ ба занозанӣ дарак ёфта, ба пулис хабар додааст.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.

Рӯзи 10 август додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав низ қарори ихоҷи 12 нафар аз иштирокчиёни занозании гуруҳии рӯзи 5 август дар кӯчаи Пограничнаяро баровард. Дар он занозанӣ зодагони Тоҷикистону Чеченистон аз гиребони якдигар гирифта буданд.

ВКД Русия рӯзи 28 июл дар сомонаи расмиаш ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Рӯзи 5 август муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар мулоқот  бо сафирони кишварҳои СНГ гуфт, ҷинояткорӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имсол 5% афзудааст. Горовой гуфт, бахусус аъмоли ғайриқонуние, чун занозаниҳои гуруҳӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, истифодаи зӯрӣ ба зидди мақомот ва мамониат ба фаъолияти нақлиёт ва иншооти иҷтимоӣ дар байни муҳоҷирон бештар ба мушоҳида мерасад.

 «Дар робита ба ин ҳодисаҳо ВКД вокуниши қатъӣ нишон дода, ҳамаи ташкилкунандагон ва иштирокчиёни бетартибиҳои оммавиро боздошт карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашонд. Муҳлати будубоши онҳое, ки дар ин ҳодисаҳо иштирок доштанд, кӯтоҳ карда шуда, марзи Русия ба рӯи онҳо баста шуд», –гуфт Горовой.

Бино ба иттилои ВКД Русия, феълан дар ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Александр Горовой моҳи апрели соли ҷорӣ аз кишварҳои СНГ хоста буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button