Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ФАЙЗОБОД ВА ПУЛИ ХУМРӢ ҲАМ БА ДАСТИ ТОЛИБОН АФТОД

Ҷангиёни Толибон рӯзи 10 август шаҳри Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон ва субҳи 11 август шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистонро тасарруф карданд. Бино ба хабарҳо, Файзобод тақрибан бидуни ҷанг ба Толибон таслим шудааст. Дар 5 рӯзи охир ҷангиёни Толибон инак марказҳои 9 вилояти Кундуз, Тахор, Сари Пул, Ҷузҷон, Самангон, Нимрӯз, Фароҳ, Бадахшон ва Бағлонро ба даст оварданд ва тавре ба назар мерасад, ҳалқаро дар атрофи Мазори Шариф, шаҳри аз ҳама бузурги шимоли Афғонистон торафт тангтар мекунанд. Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул, пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад. Ба ин тартиб, марказҳои се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон: Бадахшон, Тахор ва Кундуз ҳоло дар ихтиёри Толибон қарор гирифтаанд.

Бар асоси гузоришҳои расида, нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон ба самти вулусволиҳои Кишм ва Фархор ақибнишинӣ кардаанд ва ҷангиёни Толибон тақрибан бидуни ҷанг вориди шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят шуда, садҳо маҳбусро аз зиндони инҷо озод кардаанд ва биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои пулис ва ҳукумати вилоятро тасарруф кардаанд.

Ҳамин тавр, рӯзи 10 август Толибон аз тасарруф шаҳри Фароҳ, маркази вилояти Фароҳ хабар доданд ва шоми 10 август нирӯҳои Толибон вориди шаҳри аз лиҳози стратегӣ муҳими Пули Хумрӣ, маркази вилояти Бағлон шудаанд. Пули Хумрӣ дар як чорроҳаи нақлиётии муҳим ҷойгир шуда, чанд шоҳроҳи асосии Афғонистон, аз ҷумла шоҳроҳи Кобул – Мазори Шариф аз тариқи Пули Хумрӣ мегузарад.

Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, ки онро пойтахти шимол низ ном мебаранд, зоҳиран як ҳадафи умдаи ояндаи ҳаракати Толибон ба шумор меравад. Ҷангиёни Толибон дар атрофи Мазори Шариф сангар гирифта, алакай чанд дафъа барои тасарруфи он талош карданд, вале то кунун муваффақ нашудаанд. Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 11 август дар пасманзари суқути Файзободу Пули Хумрӣ ва ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Балх ба Мазори Шариф рафтааст, то бо фармондеҳони ҷабҳаҳои муқовимати зидди Толибон гуфтугӯ кунад.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ҷангиёни Толибон рӯзи 8 август дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат марказҳои боз 3 вилояти Сарипул, Кундуз ва Тахор: шаҳрҳои Сарипул, Кундуз ва Толиқонро таҳти назорати худ дароварданд. Ҷангиёни ин ҳаракат рӯзи ҷумъа, 6 август  шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз ва рӯзи шанбе,  7 авгут, шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, зодгоҳ ва маҳалли зисти фармондеҳи ӯзбекҳои Афғонистон маршал Абдулрашид Дӯстумро  низ ба даст оварда буданд. Толибон қаблан хонаи маршал Дӯстумро дар Шибирғон оташ заданд. Дӯстум, ки моҳи июн дар пайи гӯё аз истеъмоли харбуза шикамдард шуданаш барои табобат ба Туркия рафта буд, дар ҳафтаи равон ба Афғонистон баргашт, вале бозгашти ӯ ҳам ҳанӯз натавонистааст дар рафти ҷангҳо алайҳи Толибон таъсире бигузорад.

Кундуз дар солҳои 2015 ва 2016 низ ду маротиба ба дасти Толибон суқут карда буд, вале он ду бор нирӯҳои давлатӣ бо кумаки нирӯҳо ва ҳавопаймоҳои эътилоф тавонистанд баъди чанд рӯз ҷангиёнро аз ин шаҳр берун андозанд.

Тахор низ мисли Кундуз бо Тоҷикистон ҳаммарз буда, Толиқон дар солҳои 90 дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маркази асосии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик дар Афғонистон ба шумор мерафт ва бахши аъзами ҷангиёни оппозитсияи тоҷик ва раҳбари ИНОТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Толиқон қарор доштанд.

Бисёриҳо тарс доранд, ки дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти роҳбарии Амрико ҷангиёни Толибон метавонанд ҳукумати кунунии Афғонистонро зуд суқут диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button